Мо бо роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии эҳсонкори “Пешрафт” Матлуба Солеҳова доир ба паҳлуҳои фаъолияти эшон, кор бо ҷавонон, талқину ташвиқи китобхобнӣ ва корҳои хайриявии анҷомдодаи ин ташкилот сӯҳбат кардем, ки пешниҳоди Шумо мегардад.
— Ташкилоти ҷамъиятии эҳсонкори “Пешрафт” аз ҷониби кӣ ва кай таъсис ёфтааст?
— Ташкилоти ҷамъиятии эҳсонкори “Пешрафт” 10 сол пеш бо муассисии панҷ нафар — соҳибкорони ватанӣ Абдулло Қурбонов, Зуҳуршо Раҳматуллоев, Азамат Султонов, Фирдавс Шаҳидӣ, Уктам Матлабов таъсис ёфтааст ва охири сол ният доорем, ки даҳсолагиамонро таҷлил кунем.
— Чаро маҳз “Ташкилоти ҷамъиятии эҳсонкори “Пешрафт” номгузорӣ кардед?
— Мақсад — пеш бурдани ҷомеа, пеш бурдани ҷавонони мо, пеш бурдани он идеяҳое, ки давлатро ба пеш мебаранд. Агар ба рамзи “Пешрафт” аҳамият диҳем, дида мешавад, ки дар он секунҷа тасвир шудааст, яъне ифодакунандаи тугмачаи “play” — ба пеш ҳаракат кардан.
— Мақсади асосии “Пешрафт” чист?
— Мақсади асосии дар аввал баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят кардани ҷавонон, пешравӣ кардани ҷавонон ва саҳм гузоштан ба рушду иқтидори онҳо аст. Яъне, мо медонем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол аз захираҳои табиӣ бой аст, вале айни ҳол мо онҳоро истифода намебарем. Ва асосан иқтидори Тоҷикистон ин дар ҷавонони миллат дида мешавад, зеро зиёда аз 70%-и аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Фикр мекунам, ки ин аз ҳама иқтидори асосӣ аст ва агар мо кор кунем ва ҷавононро дастгирӣ карда, онҳоро ба пеш барем, умед аст, ки ояндаи мо беҳтар мешавад.
Ба таври дигар гӯем, мақсади асосии “Пешрафт”-ин сохтани ояндаи хуб аст. Яъне, ҳар коре, ки имрӯз анҷом дода истодаем, мумкин баъди 10 — 15 сол натиҷа диҳад.
— Шумо дар “Пешрафт” кадом лоиҳаҳоро доред ва онҳо ба кадом сатмҳо равон шудаанд?
— Аслан ҳама лоиҳаҳои “Пешрафт” ба ду самт равона шудаанд: маориф ва эҳсонкорӣ. Мо як қатор барномаҳоро дорем. Якумин барномае, ки таъсис дода будем ин “Сармоягузорӣ ба истеъдодҳо” ном дорад, соли 2011 мо 40 нафар фаъоле, ки аз тарафи маъмурияти мактабашон тавсия дода шудаанд ва инчунин иштирокчиёни олимпиада буданд, гирд овардем. Рафта — рафта ҳамин шумораро қариб то ҳазор оварда расонидаем ва дар муддати ин 10 сол мо қариб 1000 нафар хатмкунандагони “мактаби” “Пешрафт”-ро ба қайд гирифтем.
Барномаи дигар “Саҳми арзанда” мебошад, ки барои донишҷӯён аст. Ин барнома ҳам ба мисли лоиҳаи болозикр аст, танҳо тафовут ин аст, ки дар лоиҳаи аввалӣ хонандагони макотиби миёна ба интихоби касб бисёртар таваҷҷуҳ мекунанд ва барномаи дуюм, ки барои донишҷӯён равона шудааст, бештар дар бораи ёфтани ҷойи корӣ равона шудааст.
Барномаи сеюм ду лоиҳаро дар бар мегирад. Якум, дар доираи он мо барои мактаби шабонаи нобиноён ва сустбини шаҳри Ваҳдатро таъмир кардем ва таҳҷизоти муайянро ба онҳо додем. Дуюм бошад, беҳтар кардани шароити мактаб-интернати махсуси №1- шаҳри Кулоб буд, ки дар доираи он таъмир, таъмини таҷҳизоти дуредгарӣ, омода сохтани синфи компютерӣ сурат гирифт. Ин лоиҳа дар чорчубаи лоиҳаи “Ташаббусҳои ҷамъиятӣ” дар ҳамкорӣ бо Бонки таҷдид ва рушди Аврупо (EBRD) амалӣ карда шуда истодааст.
Лоҳиҳаи дигар “Бизнес конструктор” ном дорад. Ин лоиҳа низ барои ҷавонон аст ва он як лоиҳае мебошад, ки ҷавононро ба соҳибкорӣ ҷалб мекунад. Агар шахс хоҳиши соҳибкор шуданро дорад ё инки як “стартап”-и худро оғоз кунад, метавонад аз ҳамин барнома истифода барад.
Барномаи дигареро аз замони пандемияи коронавирус (майи 2019) оғоз кардем, ки “Мо ҳамдардем” ном дошт. Он ҳамагӣ як моҳ давом кард ва дар муддати 28 рӯз мо тавонистем як миллион сомониро ба даст орем ва ин миқдор маблағи пулиро ба зиёда аз 250 муассисаи тиббӣ, воситаҳои ҳифозатии тиббӣ ҳамчун кӯмак тақсим кунем. Ғайр аз ин, ба 3700 оила аз шаҳри Душанбе то ВМКБ кӯмаки якдафъинаи хӯрока расонидем.
— Дар бораи як тренинг гӯед, ки мавзӯи он чӣ буд ва бачаҳо аз ончӣ омӯхтанд?
— Масалан, яке аз тренингҳое, ки мо бисёр ташвиқ мекунем ин интихоб кардани касб мебошад. Мо маҳз талабагони аз синфи 9 то 11-ро интихоб кардем, ки дар ин вақт онҳо дар фикри ояндааш бояд бошанду касби ояндаашонро интихоб мекунанд. Дар ҳар тренинг мо мутахассисони соҳаҳои гуногунро даъват мекунем ва онҳо дар бораи таҷрибаи хеш ва чӣ гуна дар ин соҳа муваффақ шуданашон ба талабагон мефаҳмонанд.
— Шумо ризокор доред? Шумораи онҳо ба чанд расидааст ва аслан талабот ба қабули онҳо чӣ гуна аст?
— Дар “Пешрафт” як калима вуҷуд дорад, “пешрафта”. Яъне волонтёре, ки мо қабул мекунем пеш аз ҳама ғамхору меҳрубон ба Ватани худ бошад. Чунки корҳое, ки мо анҷом медиҳем барои пешравии ҷавонон ва ҷомеа мебошад. Ҳоло тақрибан 300 волонтёр дорем ва хушбахтона, ҳамаи онҳо дар лоиҳаҳои гуногуни мо иштирок мекунанд.
— Шумо ҳамроҳи ҷавонон кор мекунед, барои пешрафти онҳо чӣ чиз намерасад?
— Каме тамбал ҳастанд, ангеза надоранд. Ҳама чизро яку якбора ба даст овардан мехоҳанд.
— Шумо маҳфили «Пешрафт» доред ва чорабиние ташкил намудед, ки ҷавонон ба якдигар китоб тақдим намуданд. Бигӯед, ки чаро дар мо китобҳадякунӣ анъана нашудааст ва оё ба чунин иқдомҳои шумо метавон ҳолатро иваз кард?
— Дар мо ҳадяи китоб анъана аст. Мо афродеро дорем, ки аз ҳад зиёд китобхониро дӯст медоранд ва байни ҳамдигарашон ҳамеша китобҳоро иваз мекунанд. Фикр мекунем агар имрӯз мо ин корро анъана намудем. Пас, фардо ташкилот ё колектив дигар мекунад. Ҳамин тавр, шумораи монанди мо зиёд мегардад.
— Дар «Пешрафт» маҳфили хоссаи китобхонӣ аст?
— Роҳбари маҳфили “Китобгир” гурӯҳе дошт, ки ҳар ҳафта китоб мехонданд, китобҳоро иваз мекарданд, вале ҳозир фаъол нест. Лекин дар оянда мо нақша дорем, ки ҳуҷраи махсус ташкил кунем ва он маҳфилро аз нав фаъол намоем.
Мусоҳиб:
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ