МУВАФФАҚИЯТМуаллиме ки дар деворҳо расм мекашад

Муаллиме ки дар деворҳо расм мекашад

-

Расмкашӣ дар девор кори саҳлест, ки на ҳар кас аз ӯҳдаи он мебарояд. Аммо барои қаҳрамони мо амали соддаест.

Файзиддин  Шокиров 22 сол дорад. Соли гузашта Донишгоҳи санъати тасвирӣ ва дизайнро бо ихтисоси «Графикаи дастгоҳӣ» хатм карда, феълан дар муассисаи таълимии №182 омӯзгор аст.

Пас аз хатми донишоҳ мехост ба муҳоҷират равад, аммо ӯ дид, ки аз руйи ҳунараш нон ёфта метавонад. Бинобар ин, тасмим гирифт, ки ҳунарашро сайқал дода, рӯзгорашро аз ин ҳисоб пеш барад:

-Расмкашӣ рӯйи қоғаз осон аст. Дар девор  баръакс мушкил. Расмкаширо аз девори хонаамон оғоз кардам. Баъзе вақт тасвири кашидаам бароям писанд намеояд ва онро пок мекунам. Дар хонаи хешу таборҳо низ тасвир карданро шурӯъ кардам ва бо мурури замон ёд гирифтам… Ҳоло маро бештар ба марказҳои забономӯзӣ, боғчаҳои томактабӣ ва манзилҳо даъват мекунанд, ки барояшон манзараҳои гуногунро тасвир намоям. Дар мактаб низ шогирдонам, аллакай аз ӯҳдаи тасвир кардани бисёр чизҳо мебароянд ва ҳамаи ин рӯҳияи маро баланд мекунад.

Ба бовари Файзиддин агар инсон касбашро дӯст дорад, ҳеҷ вақт хастагиро эҳсос намекунад.

Аминҷон Раҳматзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад