МУВАФФАҚИЯТКарикатураҳои Насиба бозгӯи мушкилоти рӯзанд

Карикатураҳои Насиба бозгӯи мушкилоти рӯзанд

-

Бонувони рассом одатан гулу бутта ва манзараҳои ҷаззобро тасвир мекунанд. Аммо қаҳрамони мо — Насиба карикатура мекашад ва мушкилиҳоро тариқи тасвирҳояш ба ҷомеа нишон медиҳад. Муҳтавои аксҳои ӯ амалҳои номатблуб, порахӯрӣ, дуздӣ, ноадолатӣ ва ғайра ҳастанд.

Насиба Назарзода 25 сол дошта,  кораш рассомист. Дар аввал ба рассом шудани Насиба аҳли оила зид буданд, падараш бештар. Зеро, хуб медонист, ки рассомӣ кори пурмашаққат аст. Вале Насиба  аз овони кӯдакӣ шавқи рассом шуданро дар дил мепарварид. Чун модараш рассомӣ ва гулдӯзӣ мекард ва ин корҳоро барои талбагони синфҳои поёнӣ меомӯхт. Меҳри Насиба низ ба рассомӣ афзӯду қалам ба даст гирифт.

Насиба пас аз хатми синфи 9 ба Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов дохил шуда, пас аз хатми он ба шӯъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳуҷҷатҳояшро месупорад. Соли гузашта донишкадаро Насиба бо муваффақият хатм кард ва ҳоло чанд шогирд ҳам дорад…

Насиба бо роҳнамоии устодаш Санавбар Ҳақдодова ба маҷаллаи “Хорпуштак” ба кор омадааст ва 6 сол аст, ки дар ин маҷалла рассомӣ мекунад. Асосан карикатура мекашад ва дар ҳар шумораи маҷаллаи  “Хорпуштак” 5-6 тасвираш нашр мешаванд.

Насиба ба ҷуз карикатура, инчунин портрет мекашад ва муқоваи китоб таҳия мекунад, ки ин инҳо манбаи иловагии даромадаш маҳсуб мешаванд.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад