БИЗНЕС-КЛУБАрӯсон ошиқи маҳсули дасташ ҳастанд

Арӯсон ошиқи маҳсули дасташ ҳастанд

-

Кандакорӣ ҳунари солхӯрдагон нест. Ҳатто ин ҳунарро наметавон комилан авлодӣ гуфт. Баъзе аз давраи туфулият рӯйи чуб бо корд ё таҷҳизоти монанд тасвире мекашанд.

Абумуслим Сафаровро ҳанӯз дар чаҳордаҳсолагӣ падараш ба Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар бурд то ҳунареро, ки алоқмандаш ҳаст, аз худ намояд.  Абумуслим ҳоло 17 сол дорад ва дар мактаби№38-и шаҳри Бохтар таҳсил мекунад:  

“Дар оилаи мо касе чунин ҳунарро надорад. Баъди дарсҳо аз мактаби маъмулӣ фориғ гардида, ба мактаби санъати бачагона рафта, нозукиҳои ин касбро аз худ мекунам. Алакай ноновари хона низ шудаам. Бархе аз ҷавонону мардон баҳонаи набуди кор мекунанд, вале ман бо вуҷуди хонанда буданам, соҳиби нони худ ва ҳунар ҳастам.”,-мегӯяд Абумуслим Сафаров.

Абумуслим ҳар рӯз баъди дарс ба Мактаби санъати бачагона рафта, сандуқча, сандуқи калон, гулдон ва лавҳ месозад: “Як сандуқча дар як ё ду рӯз омода мешавад. Ба бозор бурда 30-40 сомонӣ мефурӯшем.”,-мегӯяд ӯ ва илова мекунад, ки сандуқчаҳои сохтаашро бештар навхонадорон барои гузоштани ҷавоҳирот харидорӣ мекунанд.

Сафаров мегӯяд, ҳунари кандакорӣ мушкил аст, вале дар навбати дигар барои соҳибкасб ному нон меорад: “Сандуқҳо бо асбобҳои махсус нақшгузорӣ мешаванд. Чанд намуд асбоб низ лозим аст. Ман ояндаи худро фик карда, хостам, ки ҳунаре дошта бошам, то оянда зиндагии худро сомон бахшам.”

Чанд тан аз ҳамсолони Абумуслим Сафаров низ дар Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар кандакорӣ меомӯзанд. Беҳрӯз Олимов як сол шудааст, ки мактабро хатм кардааст. Алъон кори худро пайдо карда, зингаиашро беҳбуд бахшидааст. Ӯ ҳунари кандакориро аз худ намуда, ҳоло ба таҳияи сандуқҳои калонҳаҷм машғул аст.

Хуршед Аблоқулов, омӯзгори Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар мегӯяд, ки тӯли 5 соли фаъолияташ ба садҳҳо шогирд ҳунари кандакориро омӯзонид. Ба гуфтаи ӯ, мардуми тоҷик расму оини аҷдодии худро ҳамеша пос медоранд. Сандуқу гавҳора зеби хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст: “Мо бояд ҳунари кандакориро равнақ бахшем. Ба дигарон омӯзонем, нагузорем, ки берун аз кишвар омода ва ворид кунанд.”

Хуршед Аблоқулов ба сомонаи jom.tj гуфт, дар Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар беш аз 20 нафар ҳунари кандакориро меомӯзанд ва муассиса талош дорад то сафи шогирдонро афзояд.

 

Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад