МУВАФФАҚИЯТҚаҳрамони youtube ҳам донишҷӯ шуду ҳам соҳиби хона (Видео)

Қаҳрамони youtube ҳам донишҷӯ шуду ҳам соҳиби хона (Видео)

-

Муҳаммад Ҳусейнов дар хонае, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон туҳфа гирифта буд, зиндагӣ мекунад ва омодагиашро ба соли нави хониш мебинад. Ҳамчунин духтарчаи дуюмаш низ дар ҳамин хона ба дунё омадааст.

Ҳоло ӯ донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон аст:

Дарсҳо он гунае ки гумон мекардам сода нестанд. Ман то соатҳои 1 ё 2 –-и шаб ҳамроҳи модарам дарс тайёр мекунам. Муаллими аввал ва охири ман модарам аст, ки дар ҳама ҳолат ба ман кумак мерасонад. Ҳамкурсонам анқариб понздаҳ сол аз ман хурдтаранд. Шояд вақте ки ман мактаби миёнаро хатм намудам онҳо дар боғча таълим мегирифтанд. Ба ҳар ҳол хотираи ман мисли онҳо қавӣ нест, зеро аз як тараф бори рӯзгор ва аз тарафи дигар кор ба ман душворӣ меорад. Ба ҳар ҳол кушиш мекунам, ки аз онҳо қафо намонам. Дар ин раванд ҳам аз роҳбарияти донишгоҳ ва ҳам аз тарафи роҳбарияти беморхона дастгирӣ меёбам.  

Ин фелдшери ҷавон соле қабл дар авҷи пандемияи “COVID 19” бо пахши наворҳои таблиғотии худ дар миёни мардум шуҳрат пайдо намуд.

Кор то ба ҷойе расид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тиб ба ҷасорати ӯ таҳсин хонд. Дар ин мулоқот, ки ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб рост меомад, Эмомалӣ Рамҳон ба Муҳаммад Ҳусейнов ваъда намуд, ки барояш манзили дуҳуҷрагӣ хоҳад дод ва Муҳаммадро талқин намуд, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таҳсил намуда, маълумоти олии тиббӣ гирад.

Муҳаммад Ҳусейнов мегӯяд, ҳадаф аз наворҳояш ба хотири шуҳратёбӣ набуд ва онро низ кори блогери намеҳисобад:

Баъди пахш ин наворҳо каме тарс дар дилам пайдо шуд. Зеро, давраи хеле ҳассос буду муроҷиати ман ба табибони тарсу метавонист мушкил ба бор оварад. Аммо ин тавр нашуд, баръакси тарсу нигаронӣ, ин наворҳо зиндагии маро ба куллӣ тағйир дод. Он гунае тағйир дод, ки эҳсосашро бо забон баён карда наметавонам. Ман ҳоло дар шуъбаи ёрии таъҷилии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” кор мекунам. Ҳар гоҳе бо даъват ба хонаи беморон меравам, мардум аз дидор бо ман шод мешаванд, ки ин бароям ифтихори бузург аст.

Муҳаммад Ҳусейнов 7 сентябри соли 1989 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ буда, соли 2011  Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанберо хатм намудаааст. Аз соли 2014 дар Муассисаи давлатии Маркази миллӣ тиббӣ «Шаҳраки Шифобахш» машҳур ба бемористони Қарияи боло фаъолияти худро шурӯъ намудааст.

 

Фурқати Низом

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои...

50 омӯзгор бо тренерони амрикоӣ таҷрибаи муосири таълимиро мубодила карданд

Аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 50 омӯзгори барномаи...

Омӯзгор ҳаққи фурӯши либоси мактабиро надорад!

Либосҳои тавсиявиро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бояд дар муассисаҳои олӣ ва макотиби таҳсилоти миёна илмомӯзон...
spot_imgspot_img

Apple Pay расман дар Тоҷикистон фаъол шуд

Истифодабарандагони дастгоҳҳои Apple дар Тоҷикистон акнун метавонанд пардохтҳои худро бидуни истифодаи кортҳои пластикӣ анҷом диҳанд. 28 июли соли 2026...

Grok достони ҳамосавии «Одиссея»-и Ҳомерро эҷод мекунад

Grok Imagine, ки аз ҷониби ширкати xAI таҳия шудааст, то охири соли 2026 филмеро бар асоси достони ҳамосавии "Одиссея"-и...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад