МУВАФФАҚИЯТЗане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

-

Соли 1999, Ин Юйчжэн ва Роналд Салковски. Аксҳо аз манбаъҳои боз
Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии иқлим беш аз 4 ҳазору 700 сад ҳектор (га) заминро сарсабз кард. Ӯ беш аз 40 сол аст, ки ба ин кор машғул аст.
Соли 1999 расонаҳои марказии Чин дар бораи Ин Юйчжэн гузориш пахш карданд, ки ҳаёти худро ба сарсабз гардондани биёбон бахшида, солҳои зиёд ба шинондани дарахтон машғул аст.
Гузориш ба Роналд Салковски, муаллими забони англисӣ аз Амрико сахт асар гузошт. Ӯ ҳангоми омӯзгорӣ дар қисмати марказии Чин 5 000 доллар ҷамъ оварда ба ин зан дод.
«Ман қаблан ҳеҷ гоҳ ин қадар пули зиёдро надида будам ва аз дидани он сахт дар ҳайрат мондам.», — ба ёд меорад Ин Юйчжэн.
Ин Юйчжэн тамоми маблағро барои харидани ниҳолҳо сарф карда, бо ин пул дар биёбон беш аз 50 ҳазор дарахт шинонд. Дар ҷойе, ки замоне регзор буд, акнун ҷангали сабзу хуррам қомат афрохтааст.
Пас аз тақрибан се даҳсола Ин Юйчжэн ва Саколски бори дигар бо ҳам вохӯрданд. Зеро, зимни муроҷиати видеоӣ Ин Юйчжэн Саколскиро самимона ба Чин даъват кард.
«Бо маблағе, ки шумо он вақт хайр карда будед, барои шумо як ҷангали том шинондам. Кай барои дидани он меоед?
Ман хеле мехоҳам бо шумо вохӯрам. Ман дар биёбон шуморо интизор мешавам»,- гуфт дар муроҷиаташ ин зан.
Моҳи августи ҳамин сол Саколски ба Чин омад то ин ҷангалро бубинад.
Пас аз вохӯрӣ онҳо дар назди дарахте, ки 27 сол қабл бо ҳам шинонда буданд, дубора акс гирифтанд.
Дар умум, дар41 соли сарсабзсозӣ бо дастгирии давлат ва созмонҳои гуногун аз ҷониби бону Юйчжэн беш аз 4 ҳазору ҳафтсад гектор замин беш аз 8 миллион дарахт шинондааст.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...

Нетаняҳу талаб кард, ки номи сарбозону афсарони дар филми мустанади NAZA назар додаанд, ошкор ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад

Сарвазири Исроил дастур додааст, ки шахсияти афсароне, ки дар филми мустанади NAZA мусоҳиба додаанд, ошкор карда шавад. Ин филм...

Ҷаласа ҷиҳати омодагиҳо ба даври сеюми Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»

12-уми октябри соли 2026 дар Вазорати фарҳанг бо иштироки Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси Комиссияи Озмуни...

17 хатари ҷаҳонӣ ба саломатии инсон: истифодаи қасдонаи зеҳни сунъӣ яке аз онҳост

Истифодаи қасдонаи зеҳни сунъӣ ё ҷанги ҳастаӣ метавонад то соли 2100 ба мавҷудияти инсоният дар шакли имрӯзаи он хотима...
spot_imgspot_img

Бозори саҳомии ширкатҳои технологии ИМА пас аз хабарҳо дар бораи даромади OpenAI барқарор мешавад

Ахиран фючерсҳои саҳмияҳои ширкатҳои технологии Амрико пас аз коҳишёбӣ дубора боло рафтанд. Сабаби ин тағйирот хабар дар бораи он...

Дар Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург натиҷаҳои манъи кори муҳоҷиронро арзёбӣ кардаанд

Маҳдудиятҳои ҷорӣ барои ҷалби муҳоҷирон ба кор дар соҳаҳои таксӣ ва расонидани фармоишҳо дар Санкт-Петербург натиҷаи мусбат додаанд. Аммо...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад