ҲАЁТИ СОЛИМНетаняҳу талаб кард, ки номи сарбозону афсарони дар филми...

Нетаняҳу талаб кард, ки номи сарбозону афсарони дар филми мустанади NAZA назар додаанд, ошкор ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад

-

Сарвазири Исроил дастур додааст, ки шахсияти афсароне, ки дар филми мустанади NAZA мусоҳиба додаанд, ошкор карда шавад. Ин филм соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ гардидааст.

Бинёмин Нетаняҳу аз додситони кулли Исроил Гали Баҳарав-Миара, сардори Ситоди кулли артиши Исроил , генерал-лейтенант Эял Замир ва роҳбари Хадамоти амнияти дохилии «Шин-Бет» Давид Зини талаб кардааст, ки шахсияти афсарони дар филм назари худро гуфтаанд, ошкор кунанд.

Бинёмин Нетаняҳу ҳамчунин талаб кардааст, ки коргардонҳои филм Ювал Иброҳим ва Рейчел Сзор, ки барандагони ҷоизаи «Оскар» шуданд, барои расонидани «зарар ба манфиатҳои дипломатӣ ва мудофиавии Исроил» ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Филми NAZA, ки нахустнамоиши он дар Венетсия баргузор шуда, сазовори ҷоизаи махсуси ҳакамон гардидааст, ҳоло дар кинотеатрҳои беш аз 50 кишвари ҷаҳон намоиш дода мешавад.

Тибқи тавсифи расмӣ, филм «низоми пуштибони куштори оммавии ҳадафмандонаи аҳолии осоиштаи Фаластин дар Ғаззаро ба таври муфассал нишон медиҳад.

Наворбардории пинҳонии филм шабона, дар болои бомҳои шаҳри Тел-Авив ва дар замони идомаи ҷанг дар Ғазза сурат гирифтааст. Дар он мусоҳиба бо 24 афсари хадамоти иктишофии ҳарбии Исроил, сарбозон ва дигарон ворид шудааст.

Онҳо нақл мекунанд, ки чӣ гуна ҳадафҳо миёни фаластиниҳо интихоб мешаванд ва зарбаҳо бо истифода аз низомҳои зеҳни сунъӣ ва назорати автоматиконидашуда дар низомҳои муайянкунии ҳадафҳои ҳарбӣ анҷом дода мешаванд. Ин амалҳо дар ҳолест, ки ба гуфтаи иштирокчиёни филм, Исроил аз ҳузури аҳолии осоишта дар минтақаҳои мавриди ҳамла огоҳ аст.

Барои ҳифзи шахсияти мусоҳибон чеҳра ва садои онҳо бо усулҳои рақамӣ тағйир дода шудаанд.

Ин филми мустанади 80-дақиқаӣ, ки баҳсҳои зиёдеро ба миён овардааст, ба таҳқиқоти солҳои 2023–2025 такя мекунад. Ин таҳқиқотро нашрияи муштараки исроиливу фаластинии +972 Magazine, нашрияи ибризабони Local Call ва рӯзномаи бритониёии The Guardian нашр карда буданд.

Филм дар ҷашнвораи синамои Венетсия бо кафкӯбии тӯлонии тамошобинон истиқбол гардид. Тамошобинон 25 дақиқа рост истода кафкӯбӣ карданд, ки тибқи гузоришҳо, тӯлонитарин кафкӯбӣ дар таърихи ин ҷашнвора мебошад.

Ҳукумати Исроил қаблан низ коргардонҳо Иброҳим ва Сзорро шадидан танқид карда, ҳатто таҳдид карда буд, ки онҳоро аз шаҳрвандии Исроил маҳрум мекунад.

Тавре рӯзномаи The Guardian хабар додааст, дабири кулли Федератсияи аврупоии рӯзноманигорон Рикардо Гутйеррес изҳор доштааст:

«Ин таҳдидҳо амали ошкорои тарсонидани рӯзноманигорон мебошанд, ки танҳо вазифаи худро мутобиқи меъёрҳои ахлоқии касбӣ ва ба манфиати ҷомеа иҷро кардаанд».

Ӯ дар шарҳи таҳдидҳои Нетаняҳу афзудааст:

«Ин вокуниши шадид маро ба ҳайрат намеорад. Он бори дигар тасдиқ мекунад, ки ин режим барои пинҳон кардани ҷиноятҳои зидди башарият ва қатли омми идомаёбанда дар Ғазза ба ҳар коре омода аст».

Филми NAZA дар кинотеатрҳои интихобшудаи беш аз 50 кишвар ба таври маҳдуд намоиш дода мешавад. Қарор аст моҳи ноябр он дар сомонаи The Guardian барои тамошои ройгон дастрас гардад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Муовини шаҳрдорӣ: Душанбе метавонад аз таҷрибаи Сеул ва Тошканд барои ислоҳоти нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кунад

Дар Душанбе 91 хатсайри нақлиёти ҷамъиятӣ фаъолият дошта, шумораи автобусу троллейбусҳои дар тавозуни корхонаҳои коммуналӣ қарордошта ба 729 адад...

Дар Амрико Huawei-ро барои дуздии сирри тиҷоратӣ гунаҳкор донистанд

Ширкати бузурги технологии чинии Huawei аз ҷониби ҳайати ҳакамони ИМА дар дуздии сирри тиҷоратӣ ва қаллобӣ нисбат ба бонкҳо...

Қонуни нав дар Австралия. Ширкатҳои бузурги технологиро ҷаримаҳои миллиарддолларӣ интизор аст

Парлумони Австралия 25 ноябр қонун дар бораи амнияти интернетиро қабул кард, ки бар асоси он ширкатҳои бузурги технологӣ метавонанд барои...

Консерт дар Порис бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём

25 ноябри соли 2026 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти...
spot_imgspot_img

Эрон бо истифода аз дрону мушакҳои баллистикӣ ба 4 пойгоҳи амрикоӣ дар Баҳрайн зарба зад

Эрон шоми 21 ноябр бо истифодаи дрону мушакҳои баллистикӣ ба 4 пойгоҳи амрикоӣ дар Баҳрайн зарба зад. Дар ин ҷо қароргоҳи...

Ҳамлаҳои ҳакерӣ ба Маркази миллии иттилооти ҷиноятии ФБР: ҳакерҳо ба маълумот дастрасӣ пайдо кардаанд

Расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки эҳтимолан ҳакерҳо ба Маркази миллии иттилооти ҷиноятии ФБР (NCIC) ворид шуда, ба маълумоти он...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад