ВАРЗИШРоҳати Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022

Роҳати Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022

-

Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифт.

Ба иттилои Кумитаи олимпии кишвар, мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё оид ба футзал-2022 дар минтақаи Марказ ва Ҷануб 10-12 апрел бо иштироки 8 даста дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд.
Дастаҳо дар ду гурӯҳ бозӣ карда, аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба марҳилаи финалӣ баромаданд. Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” ҳамроҳ бо тимҳои футзали Узбекистон, Афғонистон ва Непал бозӣ кард. Футболбозони мо бозии аввалашонро бо тими Афғонистон мусовӣ (4:4) карда, бар тими Непал бо ҳисоби 11:1 пирӯз ва аз тими Узбекистон мағлуб (2:5) шуданд ва бо 4 хол дар гурӯҳ ҷои дуюмро ишғол карданд. Узбекистон бо 9 хол дар ҷои аввал, Афғонистон бо 4 хол дар ҷои сеюм ва Непал бе хол дар ҷои чорум мавқеъ гирифтанд.
Марҳилаи ниҳоии 17-ум Ҷоми Осиё оид ба футзал бо иштироки 16 дастаи қора аз 25 сентябр то 20 октябри соли равон дар Кувайт баргузор мешавад. Ба қисмати финалӣ то имрӯз 11 дастаи зерин роҳхат гирифтаанд: Кувайт (мизбон), Лубнон, Ироқ, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Тайланд, Уммон, Ветнам, Узбекистон, Тоҷикистон.
Шоми имрӯз бозиҳои гурӯҳи “А” дар мусобиқаи интихобии минтақаи Марказ ва Ҷануб анҷом меёбад ва ду дастаи дигар иштирокашон дар марҳилаи ниҳоиро таъмин мекунанд. Дар гурӯҳи “А” тимҳои Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Малдив барои ду роҳхат талош доранд. Малдив имкониятро аз даст дод, се дастаи дигар шонс доранд. Ҳамчунин се дастаи дигар аз минтақаи Шарқ имкони иштирок дар марҳилаи финалиии Ҷоми Осиёро пайдо мекунанд. Мусобиқаи интихобии ин минтақа ҳоло баргузор нашудааст.

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Нетаняҳу талаб кард, ки номи сарбозону афсарони дар филми мустанади NAZA назар додаанд, ошкор ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад

Сарвазири Исроил дастур додааст, ки шахсияти афсароне, ки дар филми мустанади NAZA мусоҳиба додаанд, ошкор карда шавад. Ин филм...

Ҷаласа ҷиҳати омодагиҳо ба даври сеюми Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»

12-уми октябри соли 2026 дар Вазорати фарҳанг бо иштироки Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси Комиссияи Озмуни...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад