ОЛАМИ МАҶОЗӢКанада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

-

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз қаламрави ИМА, ба ҳам мепайвандад.

Тавре ки Bloomberg хабар медиҳад, хатти алоқа метавонад ба масофаи 4,5 ҳазор километр аз Норвегия то Канада кашида шавад. Ҳаҷми сармоягузорӣ барои сохтмони он беш аз 620 миллион доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Ин ташаббус ба ширкати норвегии Bulk тааллуқ дорад, ки ба сохтмон ва кашидани хатҳои кабелии зериобӣ машғул аст. Аммо 65 дарсади саҳмияҳои ин ширкат ба сохтори фаръии ширкати канадагии Sun Life Financial Inc. тааллуқ доранд. Ҳамчунин, чанд фонди нафақавии Канада ба он сармоягузорӣ мекунанд. Тарҳи кашидани ноқил моҳи сентябр дар ҳамоиши ҷаҳонии сармоягузорон, ки бо ташаббуси ҳукумати Канада баргузор шуд, муаррифӣ гардид.

Ба иттилои Bloomberg, намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва Канада бояд дар марҳилаи аввал тарҳ ва масири онро якҷо таҳия ва тасдиқ кунанд. Қадами нахуст дар ин самт изҳороти муштараке хоҳад буд, ки қарор аст 29 октябр дар шаҳри Монреал нашр шавад. Дар он Канада ва Иттиҳоди Аврупо эълон мекунанд, ки «роҳи беҳтарини густариши робитаҳои рақамӣ байни Аврупо, Канада ва Осиёро тавассути бунёди инфрасохтори нави ноқилҳои зериобӣ» ҷустуҷӯ хоҳанд кард.

Айни замон Канадаро бо кишварҳои дигар танҳо чанд ноқили зериобӣ мепайвандад, ки аз қаламрави ИМА мегузаранд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо моликияти ширкатҳои канадагӣ нест.

Калонтарин ноқили зериобӣ бо номи Topez ба ширкати Alphabet, соҳиби Google, тааллуқ дорад ва Канадаро бо Ҷопон мепайвандад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...

Нетаняҳу талаб кард, ки номи сарбозону афсарони дар филми мустанади NAZA назар додаанд, ошкор ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад

Сарвазири Исроил дастур додааст, ки шахсияти афсароне, ки дар филми мустанади NAZA мусоҳиба додаанд, ошкор карда шавад. Ин филм...
spot_imgspot_img

Ҷаласа ҷиҳати омодагиҳо ба даври сеюми Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»

12-уми октябри соли 2026 дар Вазорати фарҳанг бо иштироки Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси Комиссияи Озмуни...

17 хатари ҷаҳонӣ ба саломатии инсон: истифодаи қасдонаи зеҳни сунъӣ яке аз онҳост

Истифодаи қасдонаи зеҳни сунъӣ ё ҷанги ҳастаӣ метавонад то соли 2100 ба мавҷудияти инсоният дар шакли имрӯзаи он хотима...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад