Имрӯз, 25 июли соли равон натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 эълон гардид
Мувофиқи тартиби муқарраргардида ба озмуни тақсимоти асосӣ довталабоне роҳ ёфтаанд, ки аз субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум)) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум)), инчунин аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва ё Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) холҳои гузаришро соҳиб шуда буданд.
Агар довталаб дар озмуни тақсимот аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш”-и бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродиаш танҳо барои ҳамин комбинатсия бали гузариш нишон дода мешавад ва маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари интихобкардааш, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.
Агар довталаб дар озмуни тақсимот тибқи комбинатсияи ихтисоси дар рӯйхати интихобҳояш аз 1‑ум поён ҷойгиршуда комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш”-и бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродиаш ба ғайр аз комбинатсияи ихтисоси тибқи он комёбгардида барои комбинатсия(ҳо)‑и ихтисос(ҳо)-и аз рӯйи он(ҳо) комёбнашуда низ бали гузариш нишон дода мешавад (яъне, аз комбинатсияи ихтисоси 1-ум то комбинатсияи ихтисоси тибқи он комёбшуда). Масалан, агар довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 4-уми интихобкардааш комёб шуда бошад, дар сутуни “Бали гузариш” барои комбинатсияҳои ихтисосҳои аз 1-ум то 4-уми интихобкардааш бали гузариш нишон дода мешавад. Дар сурати комёб гардидани довталаб тибқи яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттар (яъне, дар рӯйхати интихобҳо дар поёнтар ҷойгиршуда)-и довталаб, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.
Агар довталаб дар озмуни тақсимот аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш комёб нагардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” аз рӯйи ҳар яке аз интихобҳояш бали гузариш нишон дода мешавад.
Вобаста аз комёб шудан ё нашудани довталаб дар озмуни тақсимот ба ӯ тавассути паёмак (SMS) маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода мешавад:
1. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Даъватнома: ХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи интихоби n (ихтисоси ХХХХХХХ, шакли таҳсил, намуди таҳсил, номи муассисаи таълимӣ) ГУЗАШТЕД. Фавран то 06.08.2024 ба муассисаи таълимӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ҳозир шавед! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.”
2. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Даъватнома: ХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД ва метавонед дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намоед. Барои ин бояд аз 12 то 15 августи соли 2024 аз нав аз қайд гузаред. Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи расмии ММТ (www.ntc.tj) дастрас кунед.”
Тавре ки қайд гардид, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб гузошта мешавад. Агар дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб шудааст. Дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариш аз рӯйи он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.
Агар дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаатон нагузаштед! Имкони дар тақсимоти такрорӣ иштирок карданро доред. Барои ин бояд аз 12-ум то 15-уми августи соли 2024 дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав аз қайд гузаред.” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маъно дорад, ки довталаб дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.
Инчунин, дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродии довталабе, ки бинобар соҳиб нашуданаш ба холҳои гузариш аз як ё якчанд субтести қисми А ё Б ва ё қисми В ё Г ба озмуни тақсимот роҳ наёфтааст, матни “Шумо ба озмуни тақсимот роҳ наёфта будед.” нишон дода мешавад, ки ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст.
Бояд тазаккур дод, ки дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак ба шахсони ниёзманди кишвар, инчунин дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонони болаёқату навовар дар авлавият қарор дорад. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ИМД ба 12 гурӯҳи муайяни довталабон ғайр аз холҳои бадастовардаашон тибқи тартиб аз 50 то 150 бали имтиёзӣ пешбинӣ карда шудааст.
Чунин имтиёз дар ҳолате эътибор пайдо мекунад, ки довталаб ба гурӯҳи шахсони имтиёздор дохил шуда, ҳуҷҷатҳои расман тасдиқшударо дар вақти бақайдгирӣ пешниҳод намояд. Маълумоти муфассал оид ба гурӯҳи довталабоне, ки ҳуқуқи гирифтани имтиёз доранд, дар сомонаи Марказ гузошта шудааст (https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701).
Хотиррасон мекунем, ки бали гузариш аз рӯйи комбинатсияи ихтисос бали умумие аст, ки бо ҷамъ кардани балҳои аз субтестҳо ва (ё) қисми (қисмҳои) дахлдор ва бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаби дар доираи шумораи ҷойҳои нақшаи қабули донишҷӯён ҷудокарда аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян аз ҳама охир тақсимотшуда ҳосил гардидааст. Лозим ба зикр аст, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисосҳои муайян (https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/fe-rist-oi-ikhtisos-o-vobasta-ba-dastovard-oi-dovtalabon.html) аз феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таълимии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки аз рӯйи онҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад, берун (истисно) карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, аз рӯйи ин гуна ихтисосҳо ба довталабони ғолиби олимпиада имтиёз дода намешавад. Ба довталабон тавсия медиҳем, ки пеш аз муроҷиат кардан ба Марказ дар бораи имтиёзҳо бо феҳристи ин ихтисосҳо (тавассути пайванди боло) шинос шаванд.
Бали гузариш тибқи комбинатсияи ихтисос пешакӣ муқаррар карда нашуда, он танҳо пас аз тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян маълум мегардад. Масалан, барои комбинатсияи ихтисоси 198010101 – “Амнияти компютерӣ” аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шакли рӯзона ва намуди ройгони таҳсил, соли 2022-юм тибқи нақша 5 ҷой ҷудо шуда буд ва шумораи довталабоне, ки ин комбинатсияи ихтисосро интихоб карда буданд, 960 нафарро ташкил дод. Дар озмуни тақсимот аз ин миқдор довталабон ҳамон 5 нафаре, ки нисбат ба дигарон балҳои баландтар доштанд, аз рӯйи ин комбинатсияи ихтисос гузаронида, бали довталаби 5-ум (дар рӯйхат бо тартиби камшавии балҳо), ки ба 347,9597 баробар буд, бали гузариш барои ин комбинатсияи ихтисос эълон карда шуд. Яъне, бали гузариш бали умумии аз имтиҳонҳо бадастовардаи ҳамон довталаби ба муассисаи таълимӣ тақсимшуда аст, ки аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян дар ҷойи охирини тибқи нақшаи қабул ҷудогардида қарор гирифтааст.
Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ тибқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 6‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб дар муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки қаблан, то 6‑уми август, муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.
Аз 25‑уми июл раванди пешниҳоди рӯйхатҳои довталабони тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон комёбшуда ба муассисаҳои таълимии дахлдор оғоз мегардад.
Довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфтае, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардидаанд, ҳуқуқи иштирокро дар озмуни тақсимоти такрорӣ доранд. Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, баъд аз анҷоми муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда дар муассисаҳои таълимӣ омода ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Вобаста ба ин, ба довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбнагардида тавсия дода мешавад, ки барои шинос шудан бо рӯйхати мазкур, инчунин тартиби озмуни тақсимоти такрорӣ эълону хабарҳои сомонаи Марказро мунтазам хонанд. Ба довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбнагардида рӯзҳои наздик дар бораи кадом рӯз ва дар кадом нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуданашон паёмак (SMS) низ фиристода мешавад.
ТАВАҶҶУҲ! Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар довталаби аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимшуда дар муҳлати муқарраркардаи Марказ (то 6‑уми август) ҳуҷҷатҳои барои қабул заруриро ба муассисаи таълимии дахлдор пешниҳод накунад, ҷойи ӯ дар тақсимоти баъдӣ ё давраи дигари бақайдгирии довталабон пешниҳод карда мешавад.
Тақсимоти довталабон бо дарназардошти балҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад. Бо тартиби тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимӣ тибқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон метавон аз сомонаи Марказ шинос шуд.
ТАВАҶҶУҲ! Тавре ки борҳои гуфта шуд, роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ҳанӯз маънои комёб шудани довталаб, ҳадди ақал тибқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш, яъне донишҷӯй шудани ӯро надорад ва дар озмуни тақсимот, мумкин аст, довталаби нисбат ба дигарон бали камдошта, ки комбинатсияи ихтисос(ҳо)-и нишондиҳандаи озмунаш баландро интихоб кардааст, комёб нагардад.
Агар довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ комёб нагардида бошад, имкон дорад, ки аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ, ки баъди озмуни мазкур дар онҳо ҷойҳои холӣ боқӣ мондаанд, иштирок намояд. Озмуни тақсимоти такрорӣ низ дар асоси бали аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталаб, яъне бе супоридани имтиҳон баргузор мегардад. Барои иштирок дар ин озмун довталабон бояд дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав ба қайд гирифта шаванд. Барои азнавбақайдгирӣ бо мақсади иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии баъзе аз шаҳру ноҳияҳо нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешавад. Ҳангоми азнавбақайдгирӣ довталабон имкон доранд, ки дар доираи ихтисосҳое, ки тибқи онҳо ҷойҳои холӣ мавҷуданд, то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб намоянд.
Дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии Марказ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғараю Рашт, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, нуқтаҳои иттилоърасонӣ амал мекунанд. Дар зарурат довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд.
Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимот комёбгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд:
1) ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълимӣ;
2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат);
3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у);
4) 6 дона сурат (андозаи 3х4см);
5) маълумотнома аз ҷойи зист;
6) шиноснома (асл ва нусха) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (асл ва нусхаи шаҳодатнома дар бораи таваллуд барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум);
7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон);
8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).
Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ
1. Душанбе– Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;
— телефонҳо: 224-53-73, 224-53-67, 224-53-66, 224-53-68.
2. Хоруғ– бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”);
— телефон: 915-20-72-29, 915-28-00-55.
3. Хуҷанд – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат));
— телефон: 915-98-00-49.
4. Панҷакент – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105;
— телефон: 915-63-51-00, 917-06-10-05.
5. Бохтар – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35;
— телефон: 777-07-77-26, 935-44-95-05.
6. Кӯлоб – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 26;
— телефон: 915-57-90-77, 985-01-82-09.
7. Данғара – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32;
— телефон: 939-32-55-65, 553-55-95-52.
8. Рашт – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79;
— телефон: 919-18-86-78, 911-11-07-43.
Манбаъ: Маркази миллии тестӣ. Акс аз шабакаи интернет