МУВАФФАҚИЯТ“Уқоб ва бум”-филме, ки асрори таксиронҳоро ифшо месозад

“Уқоб ва бум”-филме, ки асрори таксиронҳоро ифшо месозад

-

Аввалин режисёр ё коргардони голливудии тоҷик Ҷайҳун Насимӣ  тасмим гирифт, ки филми «Уқоб ва Бум»- и худро дар Тоҷикистон  ба навор гирад. Ҷайҳун ҳоло дар Амрико зиндагӣ мекунад.

“Ин тобистон нақша дорам, ки сисилафилми навбатии хешро ба навор гирам. Ин филм дар Тоҷикистон сабт хоҳад шуд, ки дар бораи ҳаёти чор ронандаи таксӣ нақл мекунад.”, -иттилоъ дод ӯ.

Чор ронандаи таксӣ, ки дар нақши марказии филм ҳастанд,  рӯзона кирокашӣ ва шабона корҳоеро анҷом медиҳанд, ки барои дигарон муаммо аст.

Филм ба он хотир “Уқоб ва бум” номгузорӣ шудааст, ки уқоб рӯзона сайди худро ба даст меораду бум ё ҷуғз шабона ва ин ронандагони таксӣ низ айни ҳамин корро шабу рӯз мекунанд.

 Ҷайҳун Насимӣ дар як паёми савтӣ дар бораи муҳтавои филмаш ба ҶОМ нақл кард.

Ҷайҳун Насимӣ соли 1986 дар ноҳияи Қубодиён ба дунё омада, дар ин ноҳия мактаби миёна ва литсейи туркиро хатм кардааст. Дар хурдӣ ҳеҷ гоҳ на орзуи ҳунарманди соҳаи кино шуданро кардаасту на коргардониро. Ҳатто фикр ҳам намекард, ки рӯзе филми тоҷикро ба Голлевуд мебарад.

Насимӣ забони туркию англисиро дар литсейи туркӣ аз худ карда, дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон забони русию олмониро омӯхтааст.

«Ман пас аз хатми мактаби миёна ба литсейи туркӣ дохил шудам ва дар он ҷо ҳама дарсҳо бо забони хориҷӣ буд, ки ин барои ман хеле душвор буд. Вале ин душвориҳо ба ман фоида бахшид. Зеро, забони англисиро мукаммал аз худ намудам,»- ба ёд меорад Ҷайҳун Насимӣ.

Ҷайҳун Насимӣ соли 2017 филми «Шикастнопазир»-ро (Unfallen) пешкаши тамошобин гардонид.  Филми мазкур дар «Голливуд»- и ИМА ба навор гирифта шуда, дар бораи ду бародари дугоники тоҷик нақл мекунад. Мувофиқи сужаи филм, бародарон дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз якдигар ҷудо мешаванд ва яке ба Амрико мераваду дуввумӣ ба Афғонистон рафта, ҷангҷӯи гуруҳи террористии «Толибон» мегардад. Пас аз чанд сол бародарон дар ҷанги Афғонистон бо ҳамдигар вомехӯранд. Ин вохӯрӣ барои онҳо як таконе гардида, онҳо мефаҳманд бо ҳам бародар ҳастанд. Пас аз ин бародарон бо ҳам якҷо шуда, корҳои толибон ва сарбозони Амрикоро фош мекунанд.

Ин нахусти филми Ҷайҳун Насимӣ дар Ҳолливуд буд ва дар он ҳунарпешаҳои машҳур Майкл Мэдсен ва Ҷеймс Ҳонг нақш офаридаанд, ки бо коргардони шинохта Квентин Тарантино ҳамкорӣ доштаанд. Дар ин филм ҳамчунин чаҳор ҳунарпешаи тоҷик низ нақш иҷро карда буданд.

Бахтиёр Комилов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад