Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти математикӣ миллионҳо доллар хайрия кунад.
Ин иқдом ҳамагӣ чанд рӯз пас аз интиқоди Ассотсиатсияи математикаи инсонмеҳвар (Association for Human Mathematics) сурат гирифт. Ин созмон ширкати зеҳни сунъиро барои плагиат ҳангоми ҳалли як масъалаи чандинсолаи математикӣ айбдор кард.
Моҳи сентябр OpenAI эълон кард, ки модели зеҳни сунъӣ дар масъалаи муодилаҳои Навйе — Стокс ба натиҷаи муҳим расидааст. Ин муодилаҳо ҳаракати моеъҳоро тавсиф мекунанд ва барои тақрибан сад сол боз яке аз масъалаҳои душвори математика ба ҳисоб мераванд.
Аммо ба иттилои TechCrunch, ду риёзидон изҳор доштаанд, ки худашон низ ба натиҷаи монанд наздик буданд ва шубҳа доранд, ки оё кори OpenAI ба таҳқиқоти онҳо такя кардааст ё не. OpenAI рад мекунад, ки аз таҳқиқоти онҳо огоҳӣ доштааст. Яке аз ин риёзидонҳо — Левент Алпёге дар ширкати Anthropic кор мекунад ва таҳқиқоти мавриди баҳсро берун аз доираи кори асосиаш анҷом додааст.
Рӯзи 6 октябр ширкати таҳти роҳбарии Сэм Алтман хабар дод, ки модели он аллакай беш аз 700 дастнависи илмӣ «нашр» кардааст ва ба қариб 400 натиҷаи дигари математикӣ расидааст. Ҳадафи ин корҳо ҳалли баъзе аз мушкилтарин масъалаҳои математика ва илми компютерӣ мебошад. Дар ин бора дар изҳороти OpenAI гуфта шудааст.
Ассотсиатсияи математикаи инсонмеҳвар дар вокуниш ба ин иқдом изҳор дошт: «Математикҳо аз касе иҷрои ин корро дархост накарда буданд». Созмон ҳамчунин OpenAI-ро барои «беэътиноии комил ба меъёрҳои таҳқиқоти илмӣ» танқид кард.
Рӯзи панҷшанбе OpenAI дар шабакаи иҷтимоии X эълон кард, ки ба Бунёди Саймонс 5 миллион доллар ҷудо мекунад. Ин бунёд таҳқиқоти математикӣ ва илмиро дастгирӣ менамояд. Маблағ барои кумак ба математикҳо ҷиҳати омӯзиш, дарки амиқ ва рушди натиҷаҳои бадастовардаи зеҳни сунъӣ пешбинӣ шудааст.
«Мо мехоҳем ҷомеаи математикиро дастгирӣ кунем, то пешрафт дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба дарки амиқтари инсонӣ ва кашфиётҳои нав мусоидат намояд.», — гуфта мешавад дар паёми OpenAI дар X.



