ВАРЗИШCAFA: Эрон мақоми 1, Тоҷикистон-3

CAFA: Эрон мақоми 1, Тоҷикистон-3

-

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола бо пирӯзии дастаи Эрон ба анҷом расид. Чемпионати мазкур дар шаҳри Душанбе доир гардида, дар даври ниҳоӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) аз тими Эрон бо ҳисоби 0:7 шикаст хӯрд.

Дар бозии дигари ин давр тими миллии Узбекистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

«Ба ин тартиб, аз рӯи натоиҷи мусобиқа, якбора ду даста – Эрон ва Узбекистон 10-холӣ ба даст оварданд. Аммо ба далели тафовути тӯбҳо наврасони Эрон барандаи чемпионати CAFA-2022 гардиданд. Узбекистон медали нуқра ва мунтахаби Тоҷикистон бо чор хол медали биринҷиро соҳиб шуданд.

Ҷоизаи «Fair Play» ба тими Қирғизистон ва ҷоизаи махсус насиби тими Афғонистон шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқа бозигари тими Узбекистон Амирбек Саидов (7 гол) дониста шуд. Ҷоизаи арзишмандтарин бозигар ба футболбози тими Эрон Ризо Гандипур насиб гардид.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1
Узбекистон – Эрон – 2:2
Афғонистон – Қирғизистон – 1:1

Даври 2
Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН – 0:2
Афғонистон – Узбекистон – 0:6

Даври 3
ТОҶИКИСТОН – Афғонистон – 0:0
Эрон – Қирғизистон – 2:0

Даври 4
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 2:0
Эрон – Афғонистон – 1:0

Даври 5
ТОҶИКИСТОН – Эрон – 0:7
Кирғизистон – Узбекистон – 2:3

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад