БОЛБедил "дил"-и мардумро ба даст меорад

Бедил «дил»-и мардумро ба даст меорад

-

Маросими хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон

Бедил Шамсов меҳмони навбатии барномаи “Бол” аст. Ҳоло аспиранти Донишгоҳи тиббии шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон буда, ҳамзамон, дар беморхона кор мекунад. 

Бедил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таҳсил карда, гирандаи стипендияи президентӣ буд ва ин донишгоҳро бо дипломи сурх хатм кардааст. Ӯ кумаки аҳли оила, махсусан бародаронашро дар раванди таҳсилаш бисёр назаррас медонад.

Бедил мегӯяд, пас аз хатми донишгоҳ бо барномаи стипендиявӣ барои омӯзиши зинаи ординатура ба шаҳри Уфа сафар кард. Ду сол ин зинаи таҳсилро ба итмом расонид ва акнун аспирант аст.

Раванди амалиёти ҷарроҳӣ. Федератсияи Русия

Ӯ давоми таҳсил дар зинаи ординатураро, ки ба рӯзҳои сахти коронавирус рост меояд, каме қисса кард:

“Мо яке аз аввалин бачаҳое будем, ки дар он замони воқеан ҳам даҳшатбор дар баробари таҳсил ба фаъолият пардохтем ва ба мардум кумак расонидем. Агарчи аҳли оила дар ибтидо норозӣ буданд, зеро, коронавирус дар дили ҳама ваҳму ҳаросро андохта буд… Ҳамин тавр, баъде чанде беморхонаи моро расман макони ташхису табобати беморони коронавирус карданд. Дар ниҳоят соҳиби ифтихорнома аз ҷониби сардухтури ҳамин беморхона гардидам.”

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ дар Русия зиёданд ва ба Бедил муроҷиат мекунанду ӯ то қадри имкон кумаки тиббӣ мерасонад.

Бедил пас аз хатми аспирантура ба Ватан баргаштанист то ба мардуми хеш хидмат намояд.

Ҳамчунин донишҳои андӯхтаашро бо таъсиси мактаби махсуси урологӣ ба донишҷӯёни риштаи тиббӣ қисмат карданист.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
10
+1
4
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад