ЗАБОНОМӮЗӢЗабони чинӣ серистеъмолтарин забон дар ҷаҳон

Забони чинӣ серистеъмолтарин забон дар ҷаҳон

-

Дар радифи забонҳои русӣ ва англисӣ инчунин омӯзиши забони чинӣ дар миёни ҷавонону наврасони тоҷик меафзояд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ забони чинӣ яке аз серистифодатарин забонҳои ҷаҳон буда, тақрибан 1.4 млрд сокини  сайёра бо ин забон гуфтугӯ мекунанд. Ҳамзамон, забони чинӣ яке аз 6 забони расмии СММ интихоб гардидааст.

Дар Тоҷикистон теъдоди марказҳое, ки забони чиниро меомӯзонанд, ҳамасола афзӯда, ҳамасола ҳазорон нафар ҷавонону наврасон ба онҳо ҷалб мегарданд. Яке аз марказҳои бузурги омӯзиши забони чинӣ дар Тоҷикистон-Маркази таълимию фарҳангии Конфусияи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, ки аз соли 2008 инҷониб фаъолият намуда, ҳудуди 10 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар он забони чиниро аз худ намудаанд. Бахши дигари ин марказ дар заминаи Донишкадаи фанноварии кӯҳии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд фаъолият дорад.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, дар ин марказҳо зиёда аз 36 омӯзгори забони чинӣ, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии мардумии Чин мебошанд, ба тадрис машғуланд. Шумораи шавқмандони ин забон бошад рӯз ба рӯз зиёд мешаванд.

Маркази таълимию фарҳангии Конфусияи назди Донишгоҳи миллӣ дар дохили бинои факултаи фалсафа воқеъ буда, дар радифи донишҷӯёни донишгоҳ инчунин наврасон низ ба он ҷалб гашта, забони чиниро аз худ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2010 ба ин сӯ ҳамасола 20 апрел рӯзи забони чинӣ таҷлил мешавад. Ин сана аз ҷониби Департаменти иттилооти ҷамъиятии СММ «бо мақсади таҷлили бисёрзабонӣ ва мусоидат ба истифодаи баробари ҳамаи шаш забони давлатӣ дар тамоми Созмон» ихтисос дода шуд.

                                                                                        Муаллиф: Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад