ЗАБОНОМӮЗӢЧӣ тавр англисӣ забони байналмилалӣ шуд?

Чӣ тавр англисӣ забони байналмилалӣ шуд?

-

Ғалабаи Англия

Ҳамааш дар асри 17 оғоз ёфт, вақте ки Англия кишвари истилогар буданро қатъ ва ба як кишвари мустамликадор табдил ёфт. Флоти Англия яке аз пуриқтидортарин флоти ҷаҳон буд. Ҳама роҳҳои баҳрӣ тобеи Бритониё буданд. Қисми зиёди кураи замин — нисфи масоҳати Амрикои Шимолӣ, бисёре аз мамлакатҳои Африқо ва Осиё, Австралия, Ҳиндустон тобеи Бритониё буд.

Забони англисӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон паҳн шуд. Дар он вақт баркарор намудани муносибатхои тиҷоратӣ вазифаи муҳимтарини Англия буд. Табиист, ки забони кишвари бартаридошта ва пешрафта ба забонҳои маҳаллӣ соя гузошт. Дар ин ҷо қоидаи тиллоӣ кор мекард — ҳар кӣ тилло дорад, ҳукмронӣ мекунад. Ӯ интихоб мекунад, ки бо кадом забон сухан гӯяд. Англия дар асри XVIII ба иқтисодиёти ҷаҳон ва инкишофи муносибатҳои байналмилалӣ такон бахшид, маҳз забони англисӣ дар муомилот истифода мешуд.

Ҳатто вақте ки мамлакатҳои мустамлика истиқлолият ба даст оварданд, муносибатҳои тиҷоратӣ бо Британияи Кабир инкишоф ёфтанд, забони англисӣ боқӣ монд. Якум, дар забонҳои кишварҳои забтшуда калимаҳои зарурӣ кофӣ набуданд: истилоҳоти тиҷорат вуҷуд надоштанд. Дуввум, аллакай англисӣ дар ин минтақа реша гирифта, мардуми маҳаллӣ онро хуб медонистанд. Онҳое, ки мехостанд худашон нони худро пайдо кунанд, бояд бо забони англисӣ муошират мекарданд.

Аммо чаро англисӣ дар кишварҳои Осиё ва Африқо забони модарӣ нашуд? Зеро бритониҳо ба ин кишварҳо ба таври оммавӣ накӯчидаанд. Британияи Кабир дар кишварҳои забтшуда системаи ҳукумат ва маорифро ҷорӣ кард. Забони англисӣ дар баъзе минтақаҳо истифода мешуд, аммо он забони муошират, забони мардум набуд.

Дар Ҳиндустон забони англисӣ нисбат ба бисёр кишварҳои дигар хеле қавӣ реша давондааст. Барои 30%-и ҳиндуҳо забони англисӣ забони модарист. Агарчи дар Ҳиндустон ба ҷуз забони ҳиндӣ беш аз 400 забони дигар мавҷуд аст. Вале танҳо забони англисӣ дуюмин забони расмӣ маҳсуб мешавад. 

Эҳёи Амрико
Омили дигаре, ки истифодаи забони англисӣ ба забони байналмилалӣ табдил шуд, забти Ҷаҳони нав-Амрико буд. Дар Амрико ба ғайр аз забони англисӣ бо забонҳои фаронсавӣ, испанӣ, олмонӣ ва ҳоландӣ ҳарф мезаданд. Дар ибтидои асри 20 масъалаи ваҳдати миллӣ якбора ба миён омад: омиле бояд кишвар ва мардуми дар онро муттаҳид созад ва забони англисӣ дар ин маврид ҳамчун пайванд кумак кард.

Сарфи назар аз онки Амрико як забони расмӣ надорад, вале ҳуҷҷатҳои расмӣ танҳо ба забони англисӣ тартиб дода мешуданд. Бисёр иёлотҳо ба ҷуз забони англисӣ таҳсилро бо дигар забонҳо  манъ карданд. Ин сиёсат самараи худро дод. Агар ҳукумати Амрико забонҳои дигарро маҳдуд намекард, пас ҳоландӣ, испанӣ ё ягон забони дигар метавонист забони миллӣ гардад. Он замон ва ҳоло мо дар бораи забони англисӣ ҳамчун забони байналмилалӣ сӯҳбат намекардем.

Дар нимаи дуюми асри 20 Англия дуюмдараҷа гардид, давраи Амрико оғоз ёфт. Баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон аксарияти давлатҳо ба масъалаи аз нав барқарор намудани кишварҳои худ машғул буданд. Дар навбати худ, ИМА нисбат ба дигар кишварҳо камтар зарар дид ва дар тамоми самтҳо: иқтисодӣ, дипломатӣ, сиёсӣ ва ҳарбӣ инкишоф ёфт. Ин кишвар махсусан дар ривоҷи муносибатҳои иқтисодӣ фаъолона иштирок мекард…Табиист, ки барои анҷоми муомилоти иқтисодӣ забони умумӣ лозим аст ва ҳоло он забон инглисӣ аст. Чаро? Шояд бо ҳамон омили асри 17 бастагӣ дорад  — ҳар кӣ қавитар аст, ҳақ аст.

Таъсири ИМА бо мурури замон афзоиш ёфт. Аммо аввал будан кофӣ нест, онро нигоҳ доштан муҳим аст. Агар дар асри 18 тиҷорат барои Англия нақши калидӣ дошта бошад, пас Амрико бо сабабҳои дигар мавқеи худро дар таърих пайд кард:

Пайдоиши компютер ва интернет
Агар забон байналмилалӣ бошад, барои ҳар кишвар муфид аст. Амрико яке аз кишварҳои қудратманд дар ҷаҳон буда, сиёсати забонро дар самти ҷаҳонишавии забони худ пеш мебарад. Нақши калидӣ маҳз ин аст, ки дар Иёлоти Муттаҳида ду навгонӣ пайдо шуд, ки ҳаётамонро бидуни онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст — компютер ва Интернет. Ин воситаҳои паҳнкунии фаврии ахбор ба ҷаҳонишавии забони англисӣ кумак карданд.

Матлаб аз сомонаи https://englex.ru

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Huawei Watch 4 қанди хунро маълум мекунад

Huawei Watch 4, аввалин соатҳои ҳушманди маълумкунандаи қанди хун дар ҷаҳон акнун фурӯхта мешавад. Дар ин бораи Huawei Central иттилоъ...

Иштироки беш аз 20 корхонаи нассоҷӣ дар UzTextile Expo

Намояндаи 23 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон барои омӯзиши равандҳои нав, харидории маводи хоми лозима ба монанди риштаи омехта...

Баҳодур Усмонов №4 дар IBA

Пас аз Чемпионати ҷаҳон-2023 дар Тошканд ҷадвали  раддабандии Анҷумани байналмилалии бокс (IBA) нав шуд. Дар раддабандии нав муштзани тоҷик...

Super VPN кадом маълумотро ифшо кард

Super VPN маълумоти ҳамаи корбарони хадамоташро ифшо кардааст.  Муҳаққиқи ҷиноётҳои сайберӣ Ҷереми Фаулер як маҳзанеро  ошкор кард, ки дорои беш...
spot_imgspot_img

Изҳороти сарони AI: хатари зеҳни сунъӣ аз пандемия ва ҷангҳои ҳастаӣ кам нест!

Сарони бузургҷуссаҳои соҳаи зеҳни сунъӣ ҳушдор доданд, ки зеҳни сунъӣ ба инсоният таҳдид мекунад ва бояд ҳамчун хатар дар...

Go Viral 2023: илҳом ва ҷалб

Мавзӯи "Go Viral 2023: Илҳом ва ҷалб" буд. Дар ҷашнвора беш аз 30 мутахассис аз ширкату созмонҳои гуногун, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад