ЗАБОНОМӮЗӢТара рақси тоҷикиро ба Амрико бурд

Тара рақси тоҷикиро ба Амрико бурд

-

Тара Пандейа Катерин дар иёлоти Калифорнияи Амрико ба дунё омадааст. Модараш раққоса  ва падараш дар радиои “BBC” ба ҳайси мухбир фаъолият менамояд.

Ӯ пешаи модарро интихоб намуда, айни ҳол доир бораи санъати рақс ва таърихи пайдоиш, вижагиву нозукиҳои он таҳқиқоти илмӣ бурда истодааст. Тара дар иҷрои рақсҳои мухталифи миллии тоҷикӣ ҳамто надорад.

Аксарият дар диди аввал Тараро тоҷик мепиндоранд, чунки ин духтараки амрикоӣ симои тоҷикона дошта, рақси тоҷикиро дар сатҳи олӣ иҷро мекунад.

Ба хотири огоҳӣ ёфтан аз ин асрор мо бо ӯ ҳамсуҳбат шудему ба саволҳои худ роҷеъ ба рӯзгор ва фаъолияташ посух гирифтем.

— Салом Тара. Шояд нахустин саволе, ки алҳол ба зеҳни хонанда меояд, ин аст, ки чӣ ва кӣ шуморо ба Тоҷикистон овард? Тибқи барномае бо ҳайате омадед ё танҳо?

— Салом ба кулли тоҷикону тоҷикзабонон. Бояд гӯям, ки ман таввасути ягон хел барномаи хориҷӣ ба кишвари шумо наомадаам, балки орзуи кӯдакиам дидан аз Тоҷикистон буд. Вақте аксҳои ин кишвари афсонавиро дар интернет медидам, сахт мафтун шуда будам. Ҳамин тавр, соли 2013 бо ризоияти хонавода чипта харида, аз Калифорния ба ин гӯшаи замин омадаму ин ҷо давоми 2 сол кор кардам. Бо муҳит ошно шудам. Орзуву ҳавасамро шикастам ва баргашам ба ватанам.

— Аз фаъолияти худ дар Тоҷикистон ёдовар шудед. Мушаххасан мегуфтед, ки чи кор мекардед?

— Шуғли доимӣ надоштем ва ҳар хел корҳо мекардам. Дарс медодам, роҳбаладӣ мекардам, суруд мехондам, мерақсидам ва монанди ин. Аз ҳама бештар ба сайёҳату тамошо машғул будам.

— Дар куҷоҳо кор кардед?

— Вақте ба Тоҷикистон омадам, дар як донишгоҳ таҳсилро сар кардам. Соли 2015 ба хотири пардохти маблағи солонаи таҳсил ба кор ниёз пайдо шуд. Ҳамин тавр, бо маслиҳати дӯстон ба ансамбли рақсии “Лола” рафтам. Маҳорати рақсиамро дида, маро ба кор гирифтанд.

— Вақте ба кор сар кардед, маошатон барои пардохти маблағи таҳсил мерасид?

— Не, чунки зиндагиам душвор буд. Барои ин, дар баробари кори ансамбл ҳамчун муаллимаи забони англисӣ дар як мактаби олии Душанбе ба кор сар кардам, то хароҷоти хӯрок ва иҷорапулиамро аз ин ҳисоб пардохт намоям.

— Тоҷикиро аз куҷо омӯхтед? Умуман, бо чанд забон гап зада метавонед?

— Забони тоҷикиро дар Тоҷикистон омӯхтам. Ҳоло бо забонҳои арабӣ, олмонӣ ва тоҷикӣ озод гап зада метавонам.

— Бисёр сафар мекунед?

— То имрӯз ман 38 давлатро тамошо кардаам.

— Фақат ба хотири тамошо ба сафар мебароед?

— Аз давлатҳои дигар шогирдон муроҷиат мекунанд то ба онҳо рақс ёд диҳам.

— Аз рақсидан чӣ ёфтед?

— Хушбахтам, ки рақсида метавонам. Яъне, аз рақс хушбахтӣ ёфтам.

— Рақси тоҷикиро хеле хуб иҷро мекунед. Устод доред ё худомӯзед?

— Устод дорам, албатта! Зарагул Искандарова, Фароғат Саидова, Амон Мусаев, Меҳангул аз Бадахшон устодони рақси ман ҳастанд.

— Боз чӣ гуна рақсида метавонед?

— Уйғурӣ, афғонӣ, англисӣ ва ғайра.

— Бо кадом раққосон ҳамкорӣ доред?

— Хеле зиёданд. Бештар бо ҳунармандони узбеку афғон ва уйғур ҳамкорӣ дорам.

— Пеш аз ворид шудан ба дастаи рақсии  “Лола” чӣ кор мекардед?

— Ба таври ихтиёрӣ дар таъсиси Созмони ғайридавлатии рақси тоҷикӣ ёрӣ додам. Дар ин давра ба ҳайси устоди рақс дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд дарс медодам.

— Аз Тоҷикистон чӣ ҷоизаҳо доред?

— Соли 2016 дар “Телевизиони Сафина” озмуни рақси миллии тоҷикӣ баргузор шуд ва ман дар он ғолиб омадам. Ҳамин ҷоизаи беҳтаринам буд.

 

— Аз кишварҳои дигар чӣ?

— Ҷоизаҳои зиёд дорам, вале аз ҳама хотирмонаш он аст, ки тӯли кор дар ансамбли “Лола” борҳо дар майдонҳои калон аз номи ин гурӯҳ рақс кардаам. Акси рақси яккаи ман бо либоси тоҷикӣ дар саҳифаи асосии маҷаллаи “New York Times” чоп шуд ва дар мақолаи дигаре дар ҳамин маҷалла маҳорати рақсидани маро мунаққидони соҳа баррасӣ карда, ба он баҳои ниҳоят баланд доданд. Инчунин, дар телевизиони “BBC” дар бораи маҳорати раққосагиамм филми ҳуҷҷатӣ ҳам гирифтанд. Соли 2013 бо шарофати рақсам дар қатори 1000 довталаб барои гирифтани гранти «Audacious Minds» ва Фонди Рокфеллер аз Иттиҳоди Аврупо интихоб шуда будам, вале нагирифтам.

— Чаро маҳз Тоҷикистонро интихоб кардед?

— Дар наврасӣ ман аз мусиқӣ ва рақси тоҷикӣ илҳому шавқи зиёд мегирифтам. Хеле шодам, ки тавассути маҳорати рақсиам ба ин кишвари зебо омадам.

— Фарҳанги рақси тоҷиконро чӣ гуна шинохтед?

— Медонед, ман аз ҷиҳати фарҳанг нимшарқӣ ва нимғарбиам. Фарҳанг-пули муҳим байни кишварҳост. Маҳз фарҳанги рақси тоҷикон мани амрикоиро ба Тоҷикистон овард. Санъати рақсатон ниҳоят волост.

— Машгулиятҳои дӯстдоштаатон дар Тоҷикистон кадомҳо буданд?

— Рақсидан ва омӯзиши рақс, мусиқӣ, омӯхтани забон, пухтани хӯрокҳои тоҷикӣ, сайёҳат дар Тоҷикистон…

— Кадом хислати тоҷиконро дӯст медоред?

— Табиатан раққос ва меҳмоннавозиашонро. Ғайр аз ин, инсондӯстиашонро дар кӯчаҳои Тоҷикистон дида, офаринашон мегӯям.

— Ҳоло дар Амрикоед. Пазмони Тоҷикистон нашудед?

— Хеле сахт пазмон шудаам. –

Тасмими бозагштан надоред?

— Умед дорам, ки боз ҳатман ба ин кишвари афсонавӣ меоям.

Мусоҳиб: Мирсаид Сатториён

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад