БИЗНЕС-КЛУБТарроҳи машҳури итолиёвӣ Ҷорҷо Арманӣ дунёро тарк кард

Тарроҳи машҳури итолиёвӣ Ҷорҷо Арманӣ дунёро тарк кард

-

Армани дар ҳалқаи духтароне, ки либосҳои ширкати ӯро намоиш медиҳанд

Тарроҳи машҳури итолиёвӣ Ҷорҷо Арманӣ 4 сентябр дар 91-солагӣ аз олам даргузашт, менависад рӯзномаи Corriere della Sera.

Арманӣ 11 июли соли 1934 дар шаҳри Пячентса, наздики Милан таваллуд шудааст. Соли 1975 якҷо бо меъмор Сержо Галеоттӣ Хонаи мӯди Giorgio Armani-ро таъсис дода, нахустин коллексияи либоси мардона ва занонаро муаррифӣ намуд. Ҳамчунин мафҳуми «стилист»-ро низ ба Арманӣ нисбат медиҳанд.

Ғайр аз либос, Арманӣ коллексияҳои лавозимоти ороишӣ, мебел, атр истеҳсол карда, бо филмсозон ҳамкорӣ менамуд ва барои филмҳои «Сенздаҳ дӯсти Уушен», «Шармандаҳои беном» ва чандин вилми дигар либос таҳия кардааст. Аз соли 2005 ҳамчунин ба соҳибкорӣ дар бахши меҳмонхонаҳо рӯй оварда буд. Ӯ ҳеҷ гоҳ издивоҷ накарда ва фарзанд надошт.

Арманӣ яке аз сарватмандтарин шахс дар Итолиё ба шумор мерафт. Тибқи баҳогузории Forbes, соли 2025 дороии ӯ 12,1 миллиард доллар арзёбӣ мешуд. Ӯ ду меҳмонхона дар Милану Дубай ва дар саросари ҷаҳон 26 тарабхона дошт. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад