МУВАФФАҚИЯТАлиҷони “ду удара” 17 бор мақоми аввалро соҳиб шудааст

Алиҷони “ду удара” 17 бор мақоми аввалро соҳиб шудааст

-

“Алиҷони ду удара” 18 медал дорад, ки 17 адади онро барои соҳиб шудани мақоми аввал ба гарданаш овехтаанд ва як медали дигарро барои сазовор шудани ҷойи дуюм ба сазовор донистанд. Аммо инро ноадолатии доварон медонад:

“Ман рақибамро мағлуб кардам, аммо доварон ба рақибам мақоми аввалро доданд. Барои ҳамин ман як медали ҷойи дуюм дорам. Ҳамон вақт интервю дода будам, ки калон шавам машқ мекунам ва “ду удараш” мезанам меғалта. Аз ҳамон вақт маро “Алиҷони ду удара” мегӯянд.”,- бо ханда гуфт Алиҷон Нормуратов.

Алиҷон 8 сол дорад ва аз 3 — солагӣ тамрин мекунад. Падар боиси варзишгари ин наврас шуд, зеро ӯ мураббист. Алиҷон бо се бародараш тамрин мекунад.

Бародарон ба Алиҷон кӯмак мекунанд, чунки ӯ аз онҳо хурдтар аст. Муҳаммад бародари қаҳрамони мо мегӯяд, вақте Алиҷон хурд буд, ӯ кӯмак мекард. Барои муштзанияш панҷа (лапа) медошт. Бо ҳам кам- кам рақобат мекарданд.”

Алиҷон дар Ӯзбекистону Қирғизистон мақомҳои ифтихориро соҳиб шудааст. Ӯ тамоман ҳарос надорад, ҳатто бо рақибони аз худаш ҳам калон ҳам мехонад рақобат кунад.

“Ду рӯз пеш дар мусобиқа иштирок кардам. Якум ҳарифам ҳамсоли худам буд. Ҳарифи дуюмам аз ман калон буд, ӯро бо мушт задам ва ба замин афтонда, дар ҳолати дардовар нигоҳ доштам. Ҳамин хел ҷойи аввалро соҳиб шудам.”,- нақл мекунад қаҳрамони мо.

Ҳоло Алиҷон барои иштирок дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни наврасон омодагӣ мебинад.

Аминҷон Раҳматзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад