МУВАФФАҚИЯТДоварони тоҷик дар гурӯҳи нухбагони Конфедератсияи футболи Осиё

Доварони тоҷик дар гурӯҳи нухбагони Конфедератсияи футболи Осиё

-

Аксҳо аз https://fft.tj

Як қатор доварон аз Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи нухбагони Конфедератсияи футболи Осиё шомил шудаанд, барои хадамоти бозиҳои мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20) таъин шуданд.

Ба иттилои ФФТ, довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов ва ёвари довари ФИФА Акмал Бӯриев дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-17) дар гурӯҳи «Е», ки аз 5 то 9 октябр дар Дакка, пойтахти Бангладеш баргузор мешавад, кор хоҳанд кард.

Довари дигар дар қатори элитаҳои КФО — довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Вафо Қараев бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-17) дар чаҳоргонаи «С»-ро доварӣ мекунанд. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 5 то 9 октябр дар Маскати Уммон баргузор мешаванд.

Илова бар ин, доварони мо  мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-соларо доварӣ мекунанд. Довари ФИФА Насрулло Кабиров ва ёвари довари ФИФА Исмоил Нуралиев аз 10 то 18 сентябр бозиҳои гурӯҳи «С»-ро дар Лаос доварӣ хоҳанд кард  ва Гулмуроди Саъдулло, довари ФИФА ва ёвари довари ФИФА Ҳасан Каримов барои доварии бозиҳо дар чаҳоргонаи «J» ба Бишкек мераванд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад