МУВАФФАҚИЯТМунтахаби наврасони Тоҷикистон чемпиони CAFA-2025

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон чемпиони CAFA-2025

-

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон. Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии ФФТ

Дар Чемпионати CAFA-2025 миёни наврасон мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бар дастаи Ӯзбекистон (4:3) пирӯзӣ ба даст оварда, ғолиби чемпионат гардид.

Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Тошканд бо пирӯзии тими наврасони Тоҷикистон (U-16) анҷом ёфт, ду бозигари тими мо бо ҷоизаҳои инфиродӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дарвозабон Абубакр Раҳмонқулов беҳтарин дарвозабони мусобиқа дониста шуда, нимҳимоятгар Меҳрубон Одилзода, ки дар бозии ниҳоӣ ба муқобили тими Ӯзбекистон ду гол зад, ҷоизаи беҳтарин бозигари чемпионати CAFA- 2025-ро соҳиб шуд.
Бояд гуфт, ки тими наврасони мо таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар ин мусобиқа се бозӣ анҷом дода, бар тимҳои Туркманистон (4:1), Афғонистон (3:0) ва Ӯзбекистон (4:3) пирӯзӣ ба даст оварданд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад