ҲАЁТИ СОЛИМРушди таффакури интиқодӣ -омиле барои паст кардани сатҳи ифротгароӣ

Рушди таффакури интиқодӣ -омиле барои паст кардани сатҳи ифротгароӣ

-

Омӯзиш барои ҷавонон дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар доираи лоиҳаи «Таҳкими тафаккури интиқодӣ ва устувории ҷавонон», ки бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати корҳои хориҷии Канада амалӣ гардид корҳои зиёде анҷом шуд.

Тренинг дар Истаравшан

Дар шаҳру ноҳияи Бохтару Истаравшан, Рӯдакию Нуробод 24 тренинги 2-рӯза баргузор гардид, ки дар онҳо 612 нафар иштирок намуд, аз ҷумла, 356 зан, ки 58 дар сади иштирокчиёнро ташкил медиҳад. Ин омӯзишҳо аз 13 декабри соли 2024 то 17 январи соли 2025 баргузор шуданд.
Ҳадаф аз ин омӯзишҳо рушди таффакурӣ интиқодӣ дар ҷавонон буд. Зеро, ифротгароӣ яке аз мушкилоти ҷиддиест, ки боиси беназмӣ мегардад. Барои мубориза бо ин падидаи номатлуб, яке аз роҳҳои муассир рушди малакаҳои тафаккури интиқодӣ дар байни ҷавонон мебошад. Тафаккури интиқодӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки маълумотро бо назари интиқодӣ ва таҳлилӣ баррасӣ кунанд, манбаъҳои иттилоотиро дуруст арзёбӣ намуда, аз таъсири ҳар гуна иттилооти ғаразнок эмин бимонанд.

Пас аз машғулиятҳо, иштирокчиёни фаъоли ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои мақсаднок барои иштирок дар лагери зимистонаи «Тафаккури интиқодӣ ва бақнақшагирии ташаббусҳо» ба Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ»-и шаҳри Ҳисор даъват шуданд. Дар лагер аз 3 то 5 феврали соли 2025 иштирокчиён ба як давраи омӯзишӣ фаро гирифта шуда, ба ҷавонон усулҳои навиштани лоиҳа, таҳияи ривоятҳои мусбати ҷавобӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ омӯзонда шуд. Дар ҳамин радиф? фаъолон аз шаҳрҳои Душанбе, Истаравшан ва Ваҳдат ба иштирокчиёни лагер роҷеъ ба дарёфти роҳҳои ҳамовозӣ пайдо кардани ташаббусҳои худ дар байни занону ҷавонон “мастер-клас” гузарониданд, ки аз тарафи ҳозирин хӯш пазируфта шуд. Сипас иштирокчиён корҳои гурӯҳии худро оид ба тарҳрезии ибтикорҳои навоварона, ки ба фаъолсозӣ ва рушди тафаккури интиқодии ҷавонон мусоидат мекунад, муаррифӣ намуданд.

Лагери зимистона дар Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ

Ҳамзамон дар лагери зимистона, 5 феврали соли 2025 мизи гирд дар мавзӯи “Таҳкими малакаҳои таҳлилӣ ва устувории ҷавонон” баргузор шуд. Дар мизи мудаввар намояндагони вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолӣ, Кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии «Ҳуқуқшиносон», «Хазинаи Авруосиё дар Тоҷикистон», «Рушди Нуробод», «Мададгор», «Ҳуқуқҳои дастрас», “Фидокор” ва чандин созмону фаъолони дигар иштирок карданд. Мақсад аз баргузории Мизи мудаввар ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи ҷавонон бо сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолгардонии ҷавонон ва эҷоди ташаббусҳои навоварона буд.

Иштирокчиёни лагер лоиҳаҳои худро таҳия мекунанд

Пас аз анҷоми лагер аз ҷониби ҷавонон теъдоди зиёди лоиҳаҳо пешниҳод гардид, ки 10- ташаббуси беҳтарини ҷавонон дастгирӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои ҳадафманд амалӣ гардиданд. Дар доираи ташаббусҳои ҷавонон чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, эҳёи дубораи китобҳои фарсудаи дар ҳолати нобудӣ қарордошта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иттилоотии ҷавонон ва волидони онҳо, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон, махссусан духтарон ва монанд ба инҳо мутобиқи вазифаҳои лоиҳа дар шаҳру ноҳияҳои ҳадафманд баргузор гардид.

Варақаҳои зиёди иттилоотӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва бунёди сулҳ, пешгирии зӯроварӣ, фотиҳа ва издивоҷҳои бармаҳал, инчунин ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ таҳияву чоп ва дар байни аҳолӣ паҳн карда шуданд.

Саҳна аз ҷониби ҳунармандони касбӣ дар Истаравшан пешниҳод мегардад
Намоиши саҳна дар Истаравшан. Он аз ҷониби иштирокчиёни омӯзишҳо таҳия шудааст

Дар ҳамкорӣ бо мақомоти фарҳанги шаҳру ноҳияҳо ва ҷалби коршиносони соҳаи фарҳанг, 4 сенарияи саҳнаи бадеӣ таҳия гардиданд, ки ба ҳаёти осоишта, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва муқовимати ҷавонон ба хабарҳои беасос ва тасдиқнашуда дар интернет ҳидоят мекунанд. Саҳначаҳои театрикунонидашуда дар 8 толор барои аудуторияи мухталиф, ки аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил медоданд, намоиш дода шуд. Ҳар кадоме аз саҳнаҳо дар асоси мушкилоти маҳаллаи худ, ки онҳо худ шоҳид ҳастанд, эҷод шудааст.

Волейбол дар ноҳияи Рӯдакӣ
Бозии Фролбол дар шаҳри Бохтар
Мусобиқаи шоҳмот дар шаҳри Истаравшан

Дар шаҳру ноҳияҳои ҳадафманд 12 — чорабинии варзишӣ ва 1 – Аксияи сабзгардонӣ барои донишҷӯёни литсейҳои касбӣ-техникӣ, коллеҷҳо, хонандагони синфҳои болоӣ, инчунин волидон, омӯзгорон, табибон ва аҳолии маҳаллӣ баргузор гардиданд. Дар мусобиқаҳои варзишӣ байни дастаҳои духтарон ва писарон аз рӯи намудҳои шоҳмоту волейбол ва футбол теъдоди зиёди ҷавонон, аз ҷумла духтарон иштирок карданд. Дар мусобиқаҳои варзишӣ бевосита 390-нафар ҷавонон ширкат намуданд, ки 348-нафар ё 63%-и онро ҷавондухтарон ташкил медоданд.

Ноҳияи Нуробод

Дар аксияи сабзгардонӣ, ки бо ташаббуси ҷавонон дар ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрҳои Хумдон, Сафедчашма ва Дарбанди ноҳияи Нуробод ташкил карда шуд, 286 нафар иштирок карданд, аз ҷумла 36 зан (13%). Дар рафти аксия кӯчаҳо тоза ва зиёда аз 800 бех ниҳоли сояафкан, ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд. Ҳадафи ин аксия ҷалби дастаҷамъонаи ҷавонон ба амалҳои фаъол ва пешбурди зиндагии шоиста тавассути тоза кардани ҳудуд ва беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист мебошад.
Ҳадафи баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва аксия, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҳадафманд, ки бо ташаббус ва иштироки бевоситаи ҷавонон баргузор гардиданд, даъвати ҷавонон бо паёмҳои дӯстӣ ба ҳамбастагии иҷтимоӣ, шукуфоӣ ва суботи ҷавонон барои ҳаёти осоишта буд.
Дар доираи лоиҳа, ки ТҶ «Маърифати шаҳрвандӣ» амалӣ намуд 78 чорабиниҳои гуногун гузаронида шуда, 6518-нафар аз онҳо баҳра бурдаанд, ки 3120-нафар ва ё (48%)- и онро занон ташкил медиҳад.

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Испания абзореро барои чен кардани нафрат дар шабакаҳои иҷтимоиро роҳандозӣ мекунад

Испания HODIO — абзоре барои чен кардани нафрат дар шабакаҳои иҷтимоиро роҳандозӣ мекунад Сарвазири Испания Педро Санчес HODIO — низоме...

Чаро зеҳни сунъӣ дар дар банақшагирии ҳамлаҳои хушунатомез машварат медиҳад. Кӣ бояд пешгирӣ кунад?

Муҳаққиқон дар интернет худро ҳамчун наврасоне муаррифӣ мекарданд, ки гӯё ният доранд дар муассисаҳои таълимӣ тирпаррониҳои оммавӣ анҷом диҳанд.Дар...

Дар Чин барои роботҳо мактаб боз шуд

Маркази инноватсионии роботҳои инсоннамои Ҳубей, ки дар Минтақаи рушди технологияҳои баланди Вуҳан, Шарқии кӯли Ухан ҷойгир аст. Гурӯҳи роботҳои...

Парлумони Аврупо: пойгоҳҳои AI ҳуқуқи муаллифонро ҳифз кунанд

Парлумони Аврупо як қатор тавсияҳоро қабул кард, ки қонунгузорон бояд роҳи ҳалли доимиро барои ҳифзи ҳуқуқи муаллиф аз истифодаи...
spot_imgspot_img

CNN: бо эҳтимоли ҳиёд ҳамла ба мактаби духтарони Минобро ИМА анҷом додааст

Наворе паҳн шудааст, ки ба назар мерасад мушаки амрикоӣ пойгоҳи баҳрии Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро ҳадаф қарор медиҳад. Ин...

Нархи ҷаҳонии нафт афзоиш меёбад

Дар пасманзари идомаи танишҳо дар Ховари Миёна нархи ҷаҳонии нафт тамоюли болоравиро нигоҳ дошта, 10 март  бо бештар 7%...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад