ОЛАМИ МАҶОЗӢGoogle барои ҷамъоварии маълумоти корбарон ҳудуди $1,5 миллиард пардохт...

Google барои ҷамъоварии маълумоти корбарон ҳудуди $1,5 миллиард пардохт мекунад

-

Ширкати Google барои рафъи даъвоҳои марбут ба махфияти маълумоти корбарон бо иҷрои пардохти 1,375 миллиард доллар ба иёлати Техас розӣ шуд. Ин маълумотро нашрияи The Verge бо истинод ба матбуоти прокурори генералии Техас Кен Пакстон нашр кардааст.

Соли 2022 Додистони Техас ду даъвои ҳуқуқӣ ба зидди Google пеш овард, ки ширкатро ба ғайриқонунӣ пайгирӣ кардани маълумоти шахсии корбарон, аз ҷумла маълумоти ҷойгиршавӣ (геолокатсия) ва маълумоти биометрӣ айбдор менамояд.

Маблағи 1,375 миллиард долларии ин созишнома бузургтарин маблағест, ки Google то имрӯз ба як иёлоти алоҳидаи ИМА дар иртибот ба масъалаҳои махфият пардохт кардааст. Пештар, ҳадди аксарӣ дар ин мавзӯъ 93 миллион доллар буд.

Намояндагони Google ишора карданд, ки ин созишнома ба даъвоҳои қадимӣ марбут аст ва сиёсати ширкат дар ин мавзӯъ аз он замон тағйир ёфтааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад