ЗАБОНОМӮЗӢВазъи забони англисӣ ва русӣ дар Тоҷикистон

Вазъи забони англисӣ ва русӣ дар Тоҷикистон

-

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ омӯзиши фанни забони русӣ аз синфи 2 ва забони англисӣ аз синфи 3 оғоз меёбад. Тибқи барномаи таълимӣ барои омӯзонидани забони русӣ аз синфи 2 то 11 дар ҳаҷми 27 соат дарс дар 1 ҳафта, барои таълими забони англисӣ бошад, аз синфи 3 то 11 дар ҳаҷми 24 соат ҷудо шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ равияҳои ҷамъиятиву гуманитарӣ, математикиву иқтисодӣ ва табиӣ дошта, барои омӯзиши ин забонҳо аз 18 то 20 соат дар як ҳафта ҷудо шудааст.
Дар системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар гурӯҳҳои тоҷикӣ дар давоми сол дар ҳаҷми аз 50 то 200 соат ба нақша гирифта шудааст. Дар гурӯҳҳои таълимашон ғайритоҷикӣ ва дар факултетҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар давоми 4 семестр идома меёбад.
Дар 3826 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 7076 омӯзгорони фанни забони русӣ ва 5820 омӯзгорони забони англисӣ фаъолият доранд. Омода намудани мутахассисон барои муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ҷумҳурӣ Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бевосита барои омода намудани мутахассисони забонҳои русӣ ва англисӣ фаъолият мебарад. Инчунин факултетҳои забон ва адабиёти рус ва забони англисӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н.Хусрав, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев мавҷуд буда, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 20 кафедраи забон ва адабиёти рус (141 омӯзгорон) ва 22 кафедраи забони англисӣ (273 омӯзгорон) фаъолият мекунанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад