ҲАЁТИ СОЛИМНиҳодҳои ваколатдор дар самти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ

Ниҳодҳои ваколатдор дар самти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ

-

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ дар самти расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ниҳодҳои ваколатдор дониста мешаванд.

Бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сиёсати давлатиро дар самти расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ амалӣ менамояд. Шакл ва намуди ҳуҷҷатҳои заруриро барои таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таҳия ва тасдиқ менамояд. Барномаи электронии низоми иттилоотии кумакпулии унвониро ташкил мекунад.
Усулҳои муайян намудани камбизоатии оилаҳо ва шаҳрвандон барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, инчунин индикаторҳои муайянкунандаи вазъи некуаҳволии аҳолӣ барои таъин кардани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ низ ба Вазорати тандурустӣ вобаста гардидааст.

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ махзани ягонаи маълумотро дар бораи оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ташаккул медиҳад. Механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоиро ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат амалӣ мекунад.
Рӯйхати оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоатро, ки дар сатҳи пасти камбизоатӣ қарордоштаро тартиб дода, барои дастгирии минбаъдаи иҷтимоӣ ва расонидани кумаки моддӣ ба онҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод менамояд.
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бошад тибқи рӯйхатҳои пешниҳоднамудаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аъзои қобили меҳнати оилаҳои камбизоатро ба ҳисоб гирифта, барои бокортаъминкунии онҳо чораҷӯйӣ менамояд.

Кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади амалисозии механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, комиссияҳои маҳаллиро таъсис медиҳанд. Фаъолияти муназзами бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро вобаста ба амалӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ташкил менамоянд. Бо мақсади баррасии саривақтии муроҷиати оилаҳо барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ, санҷидани дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда масъул мебошанд.

Бинои навбунёди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Мурғоб. Акс аз шабакаи интернет

Агар худро камбизоат мешуморед ва ё ба индикаторҳое, ки барои дарёфти ин кумакҳо ба Шумо ҳақ медиҳад, худро ҷавобгӯ медонед, метавонед муроҷиат намоед.

Маълумоти бештар дар эксплейнери мо:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад