МУВАФФАҚИЯТИлон Маск артиши роботҳоро месозад

Илон Маск артиши роботҳоро месозад

-

Директори генералии корпорацияи Tesla Илон Маск дар ҷараёни стрими худ дар шабакаи иҷтимоии X нақшаҳоро оид ба истеҳсоли панҷ ҳазор роботи Optimus то охири соли 2025 эълон кард.

Дар ҷараёни муаррифии натиҷаҳои семоҳаи Tesla Маск қайд кард, ки агар Tesla нисфи 10 ҳазор нусхаи ба нақша гирифташударо амалӣ намояд, инро дастоварди бузург меҳисобад. Ҳамзамон, ӯ илова кард, ки ҳатто панҷ ҳазор робот — ин андозаи легиони румӣ мебошад, ки дар вақтҳои гуногун метавонист аз ду то 10 ҳазор ҷанговарро дар бар гирад.

«Ман фикр мекунам, ки мо айнан легион месозем: ҳадди ақал як легиони роботҳо дар ин сол ва баъдан, шояд, 10 легион дар соли оянда.», — гуфт Маск.

Маск қайд кард, ки истеҳсоли роботҳо барои Tesla самти бузург ва нави фаъолиятро ифода мекунад, бинобар ин ширкат ногузир бо хатоҳо рӯ ба рӯ мешавад. Бо вуҷуди ин, ӯ ин роботҳоро дороии умедбахши Tesla номид ва таъкид кард, ки аҳамияти эҷоди роботҳои зеҳнии шабеҳи инсон қодиранд муҳити атрофро дарк кунанд ва вазифаҳои гузошташударо иҷро кунанд.

15 март Маск изҳор дошт, ки киштии кайҳонии дорои роботи Optimus, ки аз ҷониби ширкати Tesla истеҳсол шудааст, дар охири соли 2026 ба Миррих парвоз хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, агар ин парвоз бомуваффақият анҷом ёбад, пас фуруд овардани одамон ба сайёраи сурх аллакай дар солҳои 2029-2031 оғоз мешаванд.

Акс аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад