ОЛАМИ МАҶОЗӢМақомоти маҳаллии Чин истифодаи DeepSeek-ро дастур додаанд

Мақомоти маҳаллии Чин истифодаи DeepSeek-ро дастур додаанд

-

Мақомоти маҳаллии Чин ба ҷорӣ кардани зеҳни сунъии ширкати DeepSeek барои дастгирии кадрҳои роҳбарикунанда дар қабули қарорҳо шурӯъ карданд. Дар ин бора нашрияи чинии «Пэнпай» хабар медиҳад.

Дар ҷаласаи роҳбарияти минтақаи шаҳрии Лайбин дар ноҳияи Гуанси-Чжуан қайд карда шуд, ки кадрҳои роҳбарикунанда дар ҳама сатҳҳо бояд фаъолона технологияҳои навро, аз ҷумла моделҳои AI, ба монанди DeepSeek, барои қабули қарорҳо, таҳлил ва ҳалли мушкилот аз худ кунанд. Мансабдорон ба истифодаи «мағзи инсон + зеҳни сунъӣ» барои баланд бардоштани сифат ва самаранокии кор даъват карда шуданд.

Мақомоти вилояти Ҳенан низ ба зарурати омӯзиш ва истифодаи моделҳои AI, ба монанди DeepSeek, барои дастгирии қабули қарорҳо таваҷҷуҳ зоҳир карданд. 

Тибқи иттилои Global Times, мақомоти Шенчжен 70 хадамоти рақамии бар AI асосёфтаро аз DeepSeek барои баланд бардоштани самаранокии равандҳои маъмурӣ ҷорӣ карданд. Ин навоварӣ имкон дод, ки вақти эҷоди мундариҷаи фардӣ аз панҷ рӯз ба чанд дақиқа кам карда шавад, дақиқии коркарди дархостҳо то 95% баланд бардошта шавад ва иҷрои саривақтии хадамот 25% беҳтар карда шавад.

Ин дар ҳолест, ки Италия, Австрия, Кореяи Ҷанубӣ истифодаи DeepSeek-ро дар ниҳодҳои давлатӣ манъ кардаанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад