ҲАЁТИ СОЛИМКомила Валиева чаро то соли 2025 наметавонад дар мусобиқаҳо...

Комила Валиева чаро то соли 2025 наметавонад дар мусобиқаҳо ширкат кунад?

-

Комила Валиева, конкитози рус метавонад 24 декабри соли 2025 ба мусобиқа баргардад. 

Ин дар ҳолест, ки охири моҳи январи соли равон як манбаъ аз Додгоҳи ҳакамии варзиш (CAS) ба The ​​Times иттилоъ додааст, ки варзишгари рус Комила Валиева қасдан допинг истифода накардааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, комиссияи CAS ба хулосае омадааст, ки Валиева ба эҳтимоли зиёд қасдан фиреб надодааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан CAS тасмим гирифт, ки варзишгари русро барои нақзи қоидаҳои зиддидопинг чаҳор сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқот маҳрум кунад.

Тутберидзе, мураббии ин яхмолакбоз ахиран гуфт, бисёр саволҳо дар қазияи Валиева беҷавоб мондаанд. 

Комила Валиева ба далели санҷиши мусбати допинг, ки дар ҷараёни Бозиҳои соли 2022 дар Пекин маълум шуд, аз тиллои олимпӣ маҳрум шуд. Дастаи яккачини Русия оид ба яхмолакбозӣ ҳамроҳ бо Валиева дар мусобиқаи дастаӣ аз тилло маҳрум ва ҳамчунин ӯ аз унвони қаҳрамони Аврупо маҳрум шуд.
Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ бидуни тавзеҳ чанд бор маросими супурдани  медалҳои тиллоро ба тими Русия ба таъхир гузошт. Баъдан маълум шуд, ки сабабаш санҷиши мусбати допинг Валиева будааст.

 Акси Комила Валиева аз Шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад