ҲАЁТИ СОЛИМНоболиғ аз модар гирифта шуд

Ноболиғ аз модар гирифта шуд

-

Ҳ.У-и 15-сола барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ ва мунтазам машғул шудан ба оворагардию талбандагӣ, дастгир карда шуд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки санҷиши кормандони самти кор бо ноболиғон муайян намуд, ки модари ноболиғ дар таълиму тарбияи фарзанди худ бемасъулиятии ҷиддӣ зоҳир намуда, ӯро ба оворагардию талбандагӣ маҷбур сохтааст.
Аз беназоратии модар истифода бурда, ноболиғ силсила ҷиноятҳои дуздиро содир карда, шабона ба оворагардӣ ва дар роҳҳои мошингард ба талбандагӣ машғул шудааст.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, нисбат ба модари ноболиғ С.М. моддаи 73 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гирифтани кӯдакро бе маҳрум кардани волидон аз ҳуқуқи падару модарӣ иҷозат медиҳад, татбиқ карда шуд.
Бо ҳалномаи Суди н.Сино ноболиғ Ҳакимов У., аз модараш гирифта шуда, дар Муассисаи махсуси таълимӣ ҷойгир карда шуд. Ин тадбир метавонад дар таълиму тарбияи наврас мусоидат намояд.
Ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки минбаъд милитсияи пойтахт бо мақсади тарбияи дурусти наврасон фаъолиятро дар ин самт дучанд намуда, волидайне, ки аз уҳдаи тарбияи фарзанди худ баромада наметавонанд, дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ кӯдак аз дасти онҳо гирифта шуда, дар муассисаҳои махсуси таълимӣ ҷойгир карда мешаванд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад