МУВАФФАҚИЯТОсорхонаро ба давлат ҳадя кард

Осорхонаро ба давлат ҳадя кард

-

Амир Саиди Мункӣ осорхонаеро, ки ёдгориҳои онро солҳои тӯлонӣ гирд оварда буд, ба давлат ҳадя кардааст…

Бостоншиносон бозёфтҳои зиёди таърихиро аз Ховалинг пайдо кардаанд.

Бинобар ин, омӯзгор Амир Саиди Мункӣ солҳои 80-уми асри гузашта пеши худ мақсад мегузорад, ки ба ковишҳои бостоншиносӣ шурӯъ намояд.   

Ӯ давоми 4 сол нигораҳои таърихиро ҷамъоварӣ ва соли 1982 дар як синфхонаи мактаб осорохонае хурде ташкил менамояд.

Ин кори Мункӣ ба бисёриҳо аз ҷумла, ба омӯзгорони мактаб писанд намеояд ва ҳатто ба ин кори ӯ муқобилият мекунанд. Аммо Мункӣ кори худро идома дода, шумораи ёдгориҳои таърихиро дар осорхонаи таъсисдодааш афзоиш медиҳад.  

Ӯ ҳамарӯза ба ковишҳои таърихӣ машғул гардида, ҳамзамон, аз сокинони маҳаллӣ ва хонандагони мактаб хоҳиш мекунад, ки ҷиҳати дарёфти ашёҳои таърихӣ мусоидат намоянд…

Соли 1991 Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф, Кумитаи комсомоли Тоҷикистон  ва Бунёди фарҳанги ҶТ озмунеро бо номи “Тоҷикистон-Ватани азизи ман!” ташкил карданд, ки дар он Осорхонаи Амир Саиди Мункӣ миёни осорхонаҳои мактабҳои миёна ва ҷамъиятии кишвар ҷои аввалро сазовор мегардад. Ҳамин тавр, соли 2008 ба осорхонаи ӯ мақоми давлатӣ медиҳанд.  

Айни ҳол дар осорхонаи таърихиву кишваршиносии ноҳияи Ховалинг ҳудуди 5 ҳазор ёдгории таърихиву фарҳангӣ ҷойгир аст. Аз ин осорхона олимону муҳақиқони ватанӣ ва бостоншиносон аз хориҷи кишвар ҷиҳати анҷом додани пажуҳишҳои илмӣ васеъ истифода мебаранд. Мункӣ ба кори худ идома дода,  дар бораи таърихи ниёкон ва бостонӣ чандин мақолаву китобҳо ба нашр расонидааст. Ҳоло ҳам ӯ роҳбарии ин осорхонаро ба уҳда дорад ва ҳар як ёдгориҳои таърихиро бо тамоми ҷузъиёташ ба донишҷӯёну хонандагон ва меҳмонон бо як шуру шавқ ташреҳ мекунад.

Амир Саиди Мункӣ муаллифи беш аз 35 китоб буда, зиёда аз 1000 мақолаи публитсистии  ӯ  дар нашрияҳои гуногуни мамлакат ба табъ расидааст. Ҳамзамон вай муаллифи садҳо мақолаи илмиву таҳлилӣ мебошад. Бунёди осорхона, китобхонаи хусусӣ ва боғоти меваҷот аз ҷониби Амир Саиди Мункӣ муҳаббати халқро нисбат ба ӯ боз ҳам зиёд намудааст. Зеро, ҳар сеи он ба сокинони маҳаллӣ ва мамлакат ба таври ройгон хизмат мерасонанд.  

 Баҳруллои Маҳмадшариф

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад