МУВАФФАҚИЯТПадари Мунису Абубакр: кулли дороиямро барои рушди онҳо фурӯхтам!

Падари Мунису Абубакр: кулли дороиямро барои рушди онҳо фурӯхтам!

-

Мунису Абубакр бо медалу камарбандҳояшон (акс аз бойгонии хонавода)

Муниси 9-сола то имрӯз 59 медали тилло  ва бародараш Абубакри 8-сола 36 медали тилло ба Ватан овардааст.

Мунис то ҳол шикаст нахӯрдааст. Агарчи ахиран дар шаҳри Абу‑Даббии Аморати Муттаҳидаи Араб бо бародараш Абубакр ӯро рӯ ба рӯ карданд, вале Абубакр дасти бародарашро боло карда, аз рақобат даст кашид:

“Ман нахостам рекорди акаамро шиканам. Барои эҳтироми акаам, дасти ӯро баланд бардоштам.”,‑нақл мекунад Абубакр.

Авазхуҷа Каримов падари ин наврасон ба хотири фарзандон ҳама дороиашро фурӯхт то онҳо рушд кунанд.

 “Ман ба хотири фарзандонам ба хотири ватанам кулли дороиямро фурӯхта ба Федератсияи Русия рафтам. Дар аввал давоми 6 моҳ дар хона бо онҳо тамрин мекардам. Баъдан онҳоро ба мактаби варзишии  Расул Боқиев супоридам. Онҳо дар аввал аз риштаи ҷудо машқро шурӯъ карданд ва чанд муддат зери назари Артём Сергеевич бо ин намуди варзиш машғул шуданд. Баъдан ба хулосае омадам, ки фарзандонамро ба намуди варзише ҷалб намоям, ки дар арсаи ҷаҳон давлати Тоҷикистон намояндае надорад.  Пас аз ин дар риштаи Ҷиу‑ҷитсу машқу тамрин намуданд.”‑қисса кард Авазхуҷа Каримов падари ин ду наврас.

Мунис (вазни 24кг) дар мусобиқаҳо байни наврасон то имрӯз 50 пирӯзӣ насибаш гашта, ба Ватан  59 медали тилло овардааст. Абубакр бародари хурди Мунис то имрӯз 40 ғалаба ва 36 медали тилло ба даст овардааст. Ҳардуи онҳо дар арсаи ҷаҳон аз номи Тоҷикистон баромад намуда, парчами кишвар баланд мебардоранд. Мунис ва Абубакр дар 95 медали тилло ва 20 камарбанди қаҳрамонӣ аз риштаи варзиши Ҷиу‑ҷитсу доранд.

Падари онҳо дилбохтаи футбол мебошад. Ӯ ба ин навъи варзиш шавқу рағбати зиёд дошт ва 7 сол футбол бозӣ кард. Пас аз муддате ба хулосае меояд, ки бо футбол наметавонад парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардорад. Ӯ тасмим гирифт фарзандонашро ба варзише ҷалб намояд, ки  дар Тоҷикистон рушд накардааст. Ҳардуи фарзандонашро,ки он замон 5 ва 4-сола буданд, ба риштаи Ҷиу‑Ҷитсу  ҷалб намуд.

То имрӯз ин варзишгарони наврас зери назари се муррабӣ тамрин кардаанд, ки яке аз онҳо варзишгари номии Тоҷикистон Расул Боқиев аст.

Бародарон Мунису Абубакр бо устодашон Расул Боқиев

 

 “Ман дар дунёи варзиш Ҳабиб Нурмагамедовро дӯст медорам ва мехоҳам мисли ӯ ҳамаи рақибони худро шикаст дода, парчами Тоҷикистонро дар UFC баланд бардорам. ”‑мегӯяд Мунис.

Ҳоло ин ду қаҳрамони навраси тоҷик ба мусобиқаҳои Осиё ва Аврупо, ки баҳори соли 2022 ба нақша гирифта шудааст, омодагӣ мебинанд. 

Шаҳноз Ализода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
41
+1
18
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
2

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад