МУВАФФАҚИЯТОзмуни «Илм-фурӯғи маърифат»: майдони рақобат барои донандагони илмҳои дақиқ

Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат»: майдони рақобат барои донандагони илмҳои дақиқ

-

Аввалин озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид, ки ҳадафаш дарёфти истеъдодҳои нав, омӯзиши бештари илмҳои дақиқу табиӣ унвон мешавад.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» 320 довталаб аз рӯи ҳафт номинатсия иштирок намуда, беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ба ғолибони ҷойҳои якум 35 000, ҷойҳои дуюм 25 000 ва ҷойҳои сеюм 15 000 сомонӣ тақдим шуд. Иштирокчиёни ҷойҳои 4,5,6-уми даври ҷумҳуриявӣ, бо нишони «Илм ва инноватсия» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо сарфароз гардиданд.

Мо аз миёни иштирокдорон ва ғолибони озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» ғолиби ҷойи якум, дуюм ва сеюмро пайдо кардем ва доир ба озмун, ғолибият ва нақшаҳояшон гуфтанд.

Иқболхӯҷа Темирхоҷаев, хонандаи мактаби хусусии “Гулчини маърифат”-и шаҳри Хуҷанд дар озмуни ҷумҳурияивии “Илм-фурӯғи маърифат” бо лоиҳаи инноватсионии “Доно” иштирок намуда, ҷойи аввалро соҳиб гашт.

Иқболхӯҷа Темирхоҷаев

Лоиҳаи инноватсионии “Доно” барномаҳои махсуси мобилӣ ҳастанд, ки тариқи онҳо метавон фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷиро омӯхт. Барои кор лоиҳаи мазкур маводи махсуси чопӣ лозим аст, ки онҳоро барномаҳои мобилӣ мешиносанд”, — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Иқболхӯҷа мегӯяд, дорои шаҳодатномаи муаллифии Маркази миллии патенту иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва барои коркарди васеъ монеаеро намебинад.

Ҷобири Қурбоналӣ

Иқболхӯҷа Темирхоҷаев барои иштирок дар озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» ҳудуди як сол омодагӣ дидааст.

Ҷобири Қурбоналӣ, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон нафарест, ки дар озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи “Физика ва астрофизика” иштирок ва сазовори ҷойи дуюм гаштааст.

Маҳмуд Ризоев, хонандаи Литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” аз рӯи наминатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” дар даври ноҳиявӣ сазовори ҷойи якум ва дар даврҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ҷойи сеюмро соҳиб гаштааст. Маҳмуд мегӯяд, иштирок дар озмуни мазкур барояш душворӣ надошт, зеро, пеш аз ин озмун дар дигар озмунҳо иштирок карда буд ва то андозае таҷриба дошт:

Маҳмуд Ризоев

“Дар озмуни ҷумҳурияии “Илм-фурӯғи маърифат” ман ба ҳайати ҳакамон чорчархаи барқии сохтаамро пешниҳод намудам. Мо медонем ҳоло масъалаи ҳаракати воситаи нақлиёт ҳам аз ҷиҳати иҷтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ мушкилиҳои зиёд ба миён меорад ва мақсади ягонаи мо аз ихтирои чорчархаи барқӣ ин аст, ки ба воситаи барқу офтоб мардум аз ин гуна чорчархаҳо истифода баранд.”,- мегӯяд Маҳмуд.

Чорчархаи сохтаи Маҳмуд Ризоев тариқи аккумулятор ва батареяи офтобӣ ҳаракат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Ризои Баҳромзод як ҷавони тоҷик зимни мулоқот бо президенти кишвар баргузории чунин озмунеро, ки донандагони илмҳои дақиқ рақобат намоянд, ба Президенти кишвар дар миён гузошт буд:

“Идея аз озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” пайдо шуд. Мо дидем, ки ин озмун дар ҳақиқат барои китобхону китобдӯст шудани хеле аз мардуми мо такони ҷиддӣ гардид. Аз ин рӯ, бовар дорам, ки озмуни “Илм — фурӯғи маърифат” низ барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷавонон ба илм мусоидат менамояд. Ҳоло даври ноҳиявиву вилоятии озмун гузашт”.

Ҳ. ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
9
+1
1
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад