НАВИДХарҷ дар донишгоҳҳои аврупоӣ чи қадар аст?

Харҷ дар донишгоҳҳои аврупоӣ чи қадар аст?

-

ЛАТВИЯ

Донишгоҳи нақлиёт ва телекоммуникатсия: ҳаққи таҳсил дар як сол аз € 2700 Дараҷаҳои бакалавр ва магистрро дар соҳаҳои зерин пешниҳод мекунад: илмҳои компютерӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, электроника ва телекоммуникатсия, нақлиёт ва логистика, нақлиёти авиатсионӣ, иқтисод ва менеҷмент.

Лаҳистон. Таҳсил бо забони англисӣ

Донишгоҳи Байналмилалии Логистика ва Нақлиёт (International University of Logistics and Transport): Пардохти таҳсил дар як сол аз € 2500.

Мутахассисони соҳаи логистикиро омода мекунад (логистикаи истеҳсолот, харид, савдо ва тақсимот). Донишгоҳ барои донишҷӯёни худ таҷрибаомӯзиро дар ширкатҳои калонтарини соҳаи логистикӣ ташкил мекунад. Дар донишгоҳ бо мақсади бо кор таъмин намудани донишҷӯён ширкатҳо муаррифӣ мешаванд.

Маҷористон. Таҳсил бо забони англисӣ

Донишгоҳи Печ (University of Pecs): маблағи таҳсил дар як сол тақрибан € 5000 аст. Донишгоҳ дорои 10 факулта ва якчанд марказҳои тадқиқотӣ мебошад. Донишгоҳ 70 барномаро ба забонҳои англисӣ ва олмонӣ пешкаш мекунад, ки тақрибан тамоми ҷанбаҳои илми муосири академӣ – тиҷорат, иқтисод, илмҳои табиӣ ва муҳандисӣ, санъат, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқро дар бар мегиранд.

Донишгоҳи Дебреcен (University of Debrecen): маблағи таҳсил дар як сол € 6000 — € 8000. Яке аз беҳтарин донишгоҳҳои Аврупои Марказӣ. Донишгоҳ дорои 14 факултаест, ки беш аз 80 барномаро бо забони англисӣ пешниҳод мекунад: иқтисод ва тиҷорат, муҳандисӣ, информатика, илмҳои табиӣ ва технология, илмҳои гуманитарӣ, ҳуқуқ, мусиқӣ, тиб, дандонпизишкӣ, дорусозӣ, педагогӣ, беҳдоштӣ, кишоварзӣ, муҳити зист, ғизошиносӣ.

Ба ғайр аз хароҷоти омӯзиш, хароҷоти иловагиро барои хобгоҳ, ғизо, нақлиёт, алоқа ва ғайра ба назар бояд гирифт. Як соли хониш дар Латвия — 4000 евро, Лаҳистон/Чехия — 5000 евро, Маҷористон — 8000 евро, Олмон — 10300 евро ба ҳисоби миёна сарф мегардад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад