БИЗНЕС-КЛУБЗанони "МАРДИКОРБОЗОР" аз рӯйи бизнес-план фаъолият мекунанд

Занони «МАРДИКОРБОЗОР» аз рӯйи бизнес-план фаъолият мекунанд

-

Занони «МАРДИКОРБОЗОР» — и шаҳри Бохтар  ба як семинари 3-рӯза фаро гирифта шуда, ба онҳо давоми ин муддат чи гуна таҳияи нақшаи тиҷоратӣ омӯзиш дода шуд.

Гулбибӣ Ҳомидова, ҳамоҳангсози ТҶ » Зан ва Ҷомеа дар асри 21”, ки ин занонро барои омӯзиш гирд оварда буд, ба мо гуфт, занони болаёқатро ҷудо намуда, тариқи грант, мошини дарздӯзӣ ва тафдон  медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки 21 декабри соли 2020 Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни гузар аз ин минтақа бо ин занон мулоқот намуда буд.  

Ахиран зимни нишасти мутбуотӣ ин вазир дар мавриди боздидаш аз мардикорбозори занон дар Хатлон нақл намуда, кайд кард, ки ин як мулоқоти сарироҳӣ ва тасмими шахсии худаш буд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳадафи худро сирфан маълум кардани мушкил ва дарёфтани посух ба ин суол буд, ки чаро мардум ин ҷо ҷамъ мешаванд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, вазорат ярмаркаи ҷойҳои кории холиро ташкил мекунад, аммо мардуми ин маҳал талош намекунанд, то соҳиби кор шаванд.

“Ман ба суолҳои худ аз онҳо ҷавоб гирифтам. Онҳо ба ҷойҳои кории холие, ки мо эълон мекунем, рафта наметавонанд. Маъмулан бо корҳое машғул ҳастанд, ки якрӯзаву яквақта ва барои рӯзгузаронӣ аст. Ман аз онҳо пурсидам, ки агар имкон дошта бошед, хонда, соҳиби касб шудан мехоҳед ё на? Аксарият ба хондан, касб омӯхтан розӣ нестанд. Чанд нафар ҳам гуфтанд, ки барои хондан вақту пул даркор аст”, — гуфт Ширин Амонзода.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ илова кард, ба занону мардони корҷӯ замина фароҳам меоранд, то онҳо ба маркази таълимии калонсолони Агентии меҳнат ва шуғл дар вилояти Хатлон шомил шаванд.

Муаллиф: Бахтиёр Комилов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад