МУВАФФАҚИЯТБаҳси мушкилоти аслии илму техникии муосир дар Форуми V...

Баҳси мушкилоти аслии илму техникии муосир дар Форуми V олимони кишварҳои узви ИДМ

-

Имрӯз, 23 октябр Форуми V-и олимони кишварҳои узви ИДМ ба кори худ шурӯъ кард. Дар ҳамоиш роҳбарон ва олимони варзидаи академияҳои илмҳо ва марказҳои бузурги илмию тадқиқотии ИДМ ширкат доранд.
Қобилҷон Хушвахтзода, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон  зимни сухани ифтитоҳӣ гуфтааст, баргузории чунин чорабиниҳо ба ҳамкориҳои байналмилалӣ таъсири судманд дошта, барои табодули таҷриба байни олимон ангезаи хубе хоҳад буд. Иштирокчиёни форум тамоюлҳои асосии илмҳои фундаменталӣ, ҳолат ва дурнамои онҳоро муҳокима карда, дар бораи мушкилоти аслии илму техникии муосир баҳс  хоҳанд кард.
Форуми V-и олимони аъзои давлатҳои ИДМ дар Тоҷикистон рӯзҳои 23-24 октябри соли 2024 баргузор мегардад. Дар ҳошияи ин чорабинӣ ҳамзамон баргузории ҷаласаи XII Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ ва ҷаласаи якуми Шурои олимони ҷавони назди Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ нақшбандӣ шудааст. Ташкилкунандагони чорабинӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шурои олимони ҷавони АМИТ, Кумитаи иҷроияи давлатҳои аъзои ИДМ, Фонди байнидавлатии ҳамкориҳоии бунёдии ИДМ ва вазорату идораҳои дахлдор мебошанд.

Дар чорабинӣ иштироки зиёда 70 нафар олимону муҳақикони варзида, роҳбарияти муассисаҳои илмии кишварҳои ИДМ дар назар аст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад