МУВАФФАҚИЯТTelegram минбаъд IP ва рақами телефони ҷинояткоронро ба мақомот...

Telegram минбаъд IP ва рақами телефони ҷинояткоронро ба мақомот пешниҳод мекунад

-

Паёми Дуров дар шабакаи ӯ

Акнун Telegram метавонад дар посух ба дархостҳои  ҳуқуқӣ суроғаҳои IP ва рақамҳои телефони шахсонеро, ки қоидаҳоро вайрон мекунанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ифшо кунад.
Павел Дуров, молики Telegram тарақи шабакаи худ дар Telegram эълон кард, ки барои пешгирӣ аз ҷинояткорӣ шартҳои хизматрасонӣ ва сиёсати махфияти худро нав карданд то онҳо дар саросари ҷаҳон мувофиқат намоянд.

«Мо возеҳ гуфтаем, ки суроғаҳои IP ва рақамҳои телефони онҳое, ки қоидаҳои моро вайрон мекунанд, метавонанд ба мақомоти дахлдор дар посух ба дархостҳои қонунии оқилона ифшо шаванд.Ин тадбирҳо бояд ҷинояткоронро рӯҳафтода кунанд. Ҷустуҷӯи Telegram барои дарёфти дӯстон ва кашфи хабарҳо пешбинӣ шудааст, на барои таблиғи моли ғайриқонунӣ. Мо намегузорем, ки бадкорон тамомияти платформаи моро барои тақрибан як миллиард корбар зери хатар гузоранд.»,-таъкид кардааст ӯ.

Рӯзи 20 сентябр рӯзномаи фаронсавии Le Figaro хабар дод, ки Telegram ба дархостҳои мақомоти Фаронса посух дода истодааст ва дархостҳо аз дигар кишварҳо низ ворид мешаванд. Дуров «қавл додааст, ки бо адлияи Фаронса ҳамкорӣ мекунад ва иҷрои талабҳои онро таъмин мекунад.», — изҳор дошт нашрия.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад