ОЛАМИ МАҶОЗӢИнтиқоди Дуров аз амалкарди Фаронса

Интиқоди Дуров аз амалкарди Фаронса

-

Паёми ахири Дуров дар телеграм. 6 сентябри соли 2024

Павел Дуров, молики мессенҷери Telegram баъд аз парвандааш тариқи шабакаи худ аз амалкарди мақомоти Фаронса интиқод кард. 

Ӯ нақл, ки зимни ворид шудан ба Париж  дар давоми 4 рӯз аз ҷониби полис бозпурсӣ шуд ва ӯро барои истифодаи ғайриқонунии Telegram аз ҷониби шахсони дигар масъул донистаанд.

Ин бо чанд сабаб барои Дуров ҳайратовар будааст. Чунки Telegram дар Иттиҳоди Аврупо намояндаи расмии худро дошта, дархостҳои Иттиҳоди Аврупоро қабул ва посух медодааст. Инчунин ҳукуматдорони Фаронса роҳҳои зиёде доштанд, ки ба ӯ муроҷиат намоянд.. «Ман ҳамчун як шаҳрванди Фаронса дар консулгарии Фаронса дар Дубай зуд-зуд меҳмон мешудам, кумак кардам, ки телефони боварӣ таъсис диҳанд, то бо таҳдиди терроризм дар Фаронса мубориза баранд.»,-ёдовар шудааст ӯ.

«Мушаххас кардани мувозинати дуруст байни махфият ва амният осон нест. Шумо бояд қонунҳои дахолатнопазириро бо талаботҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қонунҳои маҳаллиро бо қонунҳои Иттиҳоди Аврупо мувофиқ созед.»,-хитоб мекунад молики Телеграм.

Ӯ навиштааст, ки гоҳо наметавонанд бо танзимгари кишвар дар бораи тавозуни дурусти байни махфият ва амният розӣ шаванд.

«Дар ин мавридҳо мо омодаем, ки он кишварро тарк кунем. Мо инро борҳо кардаем. Вақте ки Русия аз мо талаб кард, ки “калидҳои рамзгузорӣ” пешниҳод намоем, мо рад кардем. Вақте ки Эрон аз мо талаб кард, ки каналҳои эътирозгарони осоиштаро бубандем, мо рад кардем ва Telegram дар Эрон мамнӯъ шуд. Мо омодаем бозорҳоеро, ки ба принсипҳои мо мувофиқ нестанд, тарк кунем, зеро, мо ин корро барои пул анҷом намедиҳем. Моро анҷоми нияти нек ва дифоъ аз ҳуқуқҳои асосии одамон, бахусус дар ҷойҳое, ки ин ҳуқуқҳо поймол карда мешаванд, ангеза медиҳад.»,-гуфтааст Павел Дуров.

Дуров шоми 24 август ҳангоми пойин омадан аз ҳавопаймои шахсӣ дар фурудгоҳи Ле Буржеи Фаронса боздошт шуд. Соҳибкор аз Озарбойҷон ба ин кишвар меомад.

Пулиси Фаронса ин соҳибкорро ба саркашӣ аз ҳамкорӣ дар масоили ҷиноятҳои киберӣ ва молиявӣ дар Telegram муттаҳам карда буд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад