ҲАЁТИ СОЛИМКумаки башардӯстонаи муштараки Тоҷикистон ба Ғазза

Кумаки башардӯстонаи муштараки Тоҷикистон ба Ғазза

-

Дар доираи иқдоми башардӯстона якчанд давлати узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Бангладеш ба мардуми Ғазза, ки ба мушкилоти шадиди норасоии ғизо рӯ ба рӯ ҳасанд, 200 тонна орд фиристода шудааст.

«Интизор меравад, ки корвони кумаки башардӯстона давоми 2 рӯз ба гузаргоҳи сарҳадии Керем Шалом/Карам Абу Салем мерасад ва дар ҳамоҳангӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ (WFP) ва дигар ниҳодҳои Созмони Милал ҷиҳати интиқоли бехатари кӯмакҳо, тақрибан ба 8 ҳазор хонавода дар таъмини камбудии ғизо мусоидат хоҳад кард.»,- омадааст дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

15-уми январ (баъд аз 467 рӯз ҷанги байни Исроил ва гурӯҳи фаластинии «Ҳамос») ҳар ду тараф бо созиши оташбас дар Ғазза ва озодии гаравгонҳо мувофиқат карданд.

 

Ҷанг миёни Исроил ва гурӯҳи тундрави «Ҳамос» рӯзи 7-уми октябри соли 2023 оғоз шуд. Пас аз ҳамлаи «Ҳамос», ки 1200 исроилиро кушт ва 250 касро гаравгон гирифт, Исроил ба Ғазза юриш бурд.

Ба гуфтаи мақомоти Ғазза, дар ин ҷанг беш аз 46 ҳазор кас кушта ва 90 дарсади аҳолии ин минтақа овора шудаанд. Аксар кушташудаҳои ҷониби фаластинӣ занон ва кӯдакон мебошанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...

Нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони олмонӣ

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин кор ба ифтихори...

Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон эълон мекунад, ки 5 сентябр дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе...
spot_imgspot_img

Тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро...

Якдоларӣ бо тасвири Трамп

Сиккахонаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки тангаи 1-доллараии соли 2026 бо тасвири президенти ИМА Доналд Трамп аз дирӯз, соати...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад