ОЛАМИ МАҶОЗӢHyundai истифодаи DeepSeek-ро манъ кард

Hyundai истифодаи DeepSeek-ро манъ кард

-

Hyundai Motor Group ба шумораи афзояндаи ширкатҳо ва ташкилотҳои давлатӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ҳамроҳ шуд, ки ба кормандони худ истифодаи чат-боти дорои зеҳни сунъии чинии DeepSeek-ро манъ карданд. Қароре, ки рӯзи ҷумъа эълон шуд, бо нигарониҳои афзоянда дар бораи эҳтимолияти ифшои маълумоти махфӣ ба Чин асос ёфтааст. Дар ин бора нашрияи The Korea Times хабар медиҳад.

Манъкунӣ ба кормандони бахшҳои калидӣ, аз ҷумла Hyundai Motor, Kia, Hyundai Mobis ва Hyundai Glovis дахл дорад.

Hyundai Motor Group аз паи намунаи дигар ширкатҳои бузурги технологӣ, аз қабили Samsung Electronics, LG Electronics ва SK hynix рафт, ки онҳо низ истифодаи DeepSeek R1 AI-ро дар дастгоҳҳои корпоративӣ маҳдуд карданд.

«Ин иқдом як қисми амалҳои пешгирикунандаи мо бар зидди ифшои эҳтимолии маълумот ба Чин мебошад. Мо минбаъд низ ин сиёсатро тавассути назорат кардани амалҳои шарикони хориҷии худ пиёда хоҳем кард», — изҳор дошт намояндаи Hyundai Motor Group.

Муассисаҳои молиявӣ низ чораҳои эҳтиётӣ андешиданд. Чор гурӯҳи бузургтарини бонкии Корея – KB, Shinhan, Hana ва Woori – низ ба наздикӣ дастрасиро ба DeepSeek дар шабакаҳои корпоративии худ манъ карданд. Чораҳои шабеҳро бонкҳои интернетии Toss Bank ва KakaoBank андешиданд.

Дар айни замон, Ассамблеяи Миллӣ заминаи қонунгузориро барои чунин чораҳо таҳия мекунад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад