БИЗНЕС-КЛУБВоридоти имтиёзноки телефонҳои мобилӣ бекор шуд

Воридоти имтиёзноки телефонҳои мобилӣ бекор шуд

-

Намунаи IMEI. Аксҳо аз манбаъҳои боз

Аз аввали моҳи августи соли 2024 зимни воридсозии телефон барои истифодаи шахсӣ дигар имтиёз нест.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2024 тартиби воридоти имтиёзноки телефонҳои мобилӣ лағв шуд.

Дар Тоҷикистон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 (№ 208) рамзҳои IMEI ба қайд гирифта мешуданд  ва агар барои истифодаи шахсӣ аз хориҷ телефон ё планшет ворид мекардед, дар гузаргоҳи гумрукӣ эъломияи шакли Т6 пур менамудед, ки ин ройгон буд.

Арзиши расмиёти гумрукӣ 15% андоз аз арзиши умумии дастгоҳро ташкил медиҳад, ки аз ин ба баъд шахс телефонро барои истифода шахсӣ низ бори аввал ворид мекунад, маблағро пардохт мекунад.

Қаблан, тибқи Қарори ҳукумат хар як шаҳрванд метавонист дар асоси имтиёз бо пурра озод аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз барои эхтиёҷоти шахсӣ ба кишвар молеро ворид кунад, ки арзиши он на бештар аз 2000 доллари амрикои буд. Ин муқаррарот ба дастгоҳҳои мобилӣ низ дахл дошт. Агар арзиши дастгоҳҳои мобилӣ ё планшетҳои воридшаванда аз 2000 доллари ИМА зиёд, вале на бештар аз 5000 доллари ИМА буд, дар ин ҳолат тартиби соддакардашудаи барасмиятдарории гумруки бо истифода аз меъёрҳои ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба андозаи 20 дарсади арзиши гумрукӣ аз мол татбиқ карда мешуд.

IMEI -рақами силсилавии иборат аз 15 адад аст. Он дар дастгоҳи мобилӣ, талони кафолатӣ, дар қуттии телефон насб шудааст.
Ҳама гуна дастгоҳе, ки бо SIM-корт кор мекунад, IMEI дорад. Телефони дусимкартадор дорои ду IMEI аст. Агар Шумо IMEI-и дастгоҳи худро намедонед, пас, *#06# – ро дар телефони худ рақамчинӣ кунед.

Дар Тоҷикистон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 (№ 208) рамзҳои IMEI бояд ба қайд гирифта шаванд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад