МУВАФФАҚИЯТEnglish Without Borders: забони англисӣ марзҳоро намешиносад

English Without Borders: забони англисӣ марзҳоро намешиносад

-

Конфронси омӯзишии English Without Borders имсол низ доир гардид. Ин ҳамоиш рӯзҳои 19-20 ноябр дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе баргузор шуда, беш аз 20 омӯзгорони забонҳои хориҷӣ аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишгоҳу марказҳои омӯзишӣ забони англисӣ меомӯзананд, дар ҳамоиш ҷалб шуданд.

Конфронс ҳамасола доир гардида, ба муаллимон, мутахассисон ва олимони забони англисӣ барои табодули афкор, омӯхтани тамоюлҳои нав, васеъ намудани шабакаҳои касбии онҳо, дастрасӣ ба маводи маҳаллӣ ва байналмилалӣ барои таълими забони англисӣ имконият фароҳам меорад.

Дар рафти конфронс омӯзгорони соҳибтаҷрибаи дохиливу хориҷӣ ба муаллимони ҷавон усулҳои нави омӯзиши забони англисиро нишон доданд. Ҳамзамон, намояндагони сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба иштирокчиён дар бораи барномаҳои мубодилавӣ барои омӯзгорони забони англисӣ ва тарзи навишту пешниҳоди лоиҳа суҳбат анҷом доданд.

Дар ҳамоиши дурӯза, рушди маҳорати фикронии хондандагон, омӯзиши забони англисӣ тавассути мусиқӣ, истифодаи технология да рафти омӯзиши забони англисӣ, омӯзиши забони англисӣ барои маъюбон, тартиби гузаронидани мусоҳиба ва ғайра баррасӣ ва дар фарҷоми ҳамоиш ба иштирокчиён сертификат тақдим гардид.

Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад