МУВАФФАҚИЯТБо ташаббуси Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил шуд

Бо ташаббуси Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил шуд

-

22 май дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид давлатҳои аъзо нахустин бор Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд. Ин рӯз бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустам Эмомалӣ тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ NoA/RES/78/281 қабул гардид. Ин маъракаи таърихӣ бо ибтикори ҳаммуалифони асосии қатънома — намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Баҳрайн ва Ливия ташкил карда шуд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ҳозиринро бо нахустин ҷашни Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик намуда, аҳаммият ва нақши ин намуди варзишро дар саросари ҷаҳон таъкид кардааст. 

Ҷонибек Ҳикмат аз кишварҳои аъзои  Созмони Милали Муттаҳид барои истифодаи қудрати футбол барои муттаҳидшавӣ, ҳавасмангардонии дубора, аҳаммияти сармоягузорӣ ба зарфият ва инфрасохтори ин намуди варзиш, мусоидат барои таъмини дастрасии васеъ, дастгирии мураббиёни соҳа, бахусус омода кардани ситораҳои оянда даъват ба амал овард.

Дар чорабинии мазкур намояндагони доимии Малта, Марокаш, Қатар, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Муғулистон, Тунис, Франсия, Италия, Маҷористон, Покистон, Малайзия, Аргентина, Баҳрайн ва инчунин Президенти Маҷмаи Умумии СММ Деннис Френсис, Роҳбари Дастгоҳи Дабири кулли СММ Кортеней Рэттарри, ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Навид Ҳаниф ва хонум Ҷанет Ривера, аъзои собиқи Федератсияи футболи Ҷумҳурии Доминикан суханронӣ намуда, саҳми ҳаммуалифони қатъномаи мазкурро, ки он барои рушди варзиш дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад кард, баланд арзёбӣ намуданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад