ҲАЁТИ СОЛИМКолоколтсев: муҳоҷироне, ки ба Русия фоида намеоранд, Русияро тарк...

Колоколтсев: муҳоҷироне, ки ба Русия фоида намеоранд, Русияро тарк кунанд!

-

Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия изҳор доштааст, ки дар кӯча ва дар минтақаҳои истиқоматӣ набояд муҳоҷирони ғайриқонунӣ бошанд. Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони хориҷие, ки будубошашон қонунӣ нест, бояд кишварро тарк кунанд.

«Касоне, ки ҷои корашонро аз даст додаанд, аз донишгоҳ хориҷ шудаанд, изи ингушт насупурдаанд, забон намеомӯзанд  ва барои ҷомеаи русӣ беманфиатанд, кишварро тар кунанд», — иқтибос овардаааст Ирина Волк, намояндаи ВКД-и Русия аз қавли ин вазир.

Вазири умури дохилии Русия ҳамчунин таъкид кардааст, ки бояд ҷамъшавии зиёди муҳоҷирон дар шуъбаҳои муҳоҷират бартараф карда шавад, зеро ин ҳолат «нишондиҳандаи камбудиҳо дар ташкили қабули шаҳрвандон» аст ва дар ҷомеа вокуниши манфии сокинони маҳаллиро ба вуҷуд меорад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад