ОЛАМИ МАҶОЗӢТаффакури иниқодӣ: санҷиши маълумот ва тасмими дуруст

Таффакури иниқодӣ: санҷиши маълумот ва тасмими дуруст

-

Барои рушди таффакури интиқодӣ чӣ бояд кард? Акс аз Интернет

Ҳамарӯза мо дар интернет, ҷои кор, муҳити оилаву дӯстон садҳо маълумоти нав мегирем. Вале ҳамаи он дуруст буда наметавонад. Масалан, дар интернет хабареро мебинеду дар ҳол ба он бовар карда, лайк мегузоред ё и ки дар шарҳ фикри худро оид ба он менависед. Дертар маълум мешавад, ки он хабар нодуруст ё фейк аст. Аммо аллакай ҳолати эмотсионалии мо тағйир ёфтаву бе санҷишу таҳлил вокуниш нишон додем. Ҳатто дар бораи оқибати он фикр накардем. Барои ба ин ҳолат рӯ ба рӯ нашудан бояд таффакури интиқодӣ дошта бошем.

Таффакури интиқодӣ яке аз маҳоратҳои шахсӣ буда, ба назари шубҳа нигоҳ кардан ба ягон маълумот ё иттилоот аст. Новобаст аз он, ки манбаи маълумот боваринок ё ин, ки маълумот дақиқ аст, то ҳол ба он шубҳа кардан хусусияти таффакури интиқодӣ аст. Масалан, дӯстат ба шумо мегӯяд, ки имрӯз ҳаво боронӣ мешавад ва ту дарҳол дар интернет дурустии онро месанҷӣ. Яъне, аз таффакури интиқодӣ истифода кардӣ. Худат то маълумотро насанҷидӣ ба он бовар накардӣ.

Ба бовари коршиноси соҳаи ВАО Иззатманд Саломиён, ба шубҳа нигаристан ба ҳама чиз, эътимод накардан ба як сарчашма ва ҷустани сарчашмаҳои дигар боис мегардад, ки мо тасмими дуруст гирем:

«Мо ҳама пойбанди андешаҳо, суннатҳо ва анъанаҳо ҳастем. Бисёр вақт тасмимҳои худро бидуни  андеша қабул мекунем.

Аз ҳамин қолабҳо, суннатҳои анъанавӣ берун баромадану берун фикр кардан ва роҳи нав фикр кардан маънои таффакури интиқодиро дорад.»,-мегӯяд ин коршинос.

Таффакури иниқодӣ имкон медиҳад, ки шумо мантиқӣ фикр кунед. Дилҳоҳ маълумотро санҷед, таҳлил кунед, ба дурустиаш боварӣ ҳосил кунед ва баъдан мавқеъи худро нисбат ба он муайян созед.

Чи гуна таффакурӣ интиқодиро дар худ инкишоф диҳем?
1. Зудбовар набошед, ҳамеша ба дурустии маълумот шубҳа кунед;
2. Оид ба ҳар маълумоти дастрасгардида савол диҳед;
3. Ба андак маълумот қонеъ накунед-кунҷкоб бошед;
4. Маълумотро таҳлил карда сипас хулоса бароред;
5. Санҷидани маълумот осон аст. Метавонед аз дигар манбаъ пурсед ё дар интернет ҷустуҷӯ кунед!

Маълумоти бештар дар эксплейнери навбатии мо:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
11
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад