МУВАФФАҚИЯТАз посбон то мураббӣ ва тарбиягирандагони боғча аз партов...

Аз посбон то мураббӣ ва тарбиягирандагони боғча аз партов армуғон меофаранд

-

Дарахт ва лонаи парранда. Маҳсули дасти Розиямо

Розиямо Ҳакимова мудири боғчаи №3-и ноҳияиТемурмалик аст. Аз партов ва ашёҳои ғайри қобили истифода армуғон меофарад. Аз посбон то мураббию тарбиягирандагони кӯдакистон низ ҳунари Розияморо аз худ мекунанд ва дар таҳияи армуғон ба ӯ кумак менамоянд.

Розиямо Ҳакимова мегӯяд, барои гузаронидани машғулиятҳо дар боғча аёниятҳо набуд. Бинобар ин, тасмим гирифт маҳсули дастиро зиёд намояд.

Яке аз мураббиёни боғча бо тарбиятгирандагон таҳияи армуғонро меомӯзад

«Маҳсулоти хом аз партов аст. Бештари он қобили истифода нестанд. Дар таҳияи маҳсулоти миллӣ бо тахайёл хеш ва дар сохтани дигар ашёи ҷлоиб аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунам. Шабакаҳои иҷтимоӣ барои тамошо нест.  Бояд чизе аз ин пойгоҳҳо бимомӯзӣ! Ман аз он самаранок истифода мекунам.»,-таъкид мекунад Розиямо.

Розиямо Ҳакимова соли 10-ум аст, ки мудири боғчаи №3-и ноҳияи Темурмалик мебошад. Ин муассиса 60 тарбиятгиранда дорад. Розиямо бо ҷамъи ҳамкорон боғчаро шабеҳи як осорхона кардаанд.

Бархе аз меҳмонон зимни боздид аз кӯдакистон дархост мекунанд, ки ин ё он армуғонро барояш ҳадя намоянд.

«Вақте ин ё он санҷишгар ба боғча меояд, ин корҳо айбҳои моро мепӯшонад.»,-мегӯяд бо табассум Розиямо Ҳакимова.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...

Британия истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои наврасони то 16-сола манъ карданист

Нахуствазири Британияи Кабир Кир Стармер эълон кардааст, ки ҳукумат ният дорад истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакон ва наврасони то 16-сола...

Meta даромади паҳнкунандагони маълумоти бардурӯғро маҳдуд намекардааст

Тадқиқоти нав нишон додааст, ки саҳифаҳои Facebook, ки беш аз даҳ маротиба  ташкилотҳои фактчекинг маълумоти бардурӯғро ошкор кардаанд, ҳатто...
spot_imgspot_img

Афв нисбат ба ҳудуди 19 ҳазор тадбиқ мегардад

Баъд аз онки Парлумон қонун «Дар бораи авф»-ро дирӯз, 16 июн баррасӣ ва қабул кард, фавран ин қонун аз...

Ҷангалбонҳо не, ҷангалбурҳо зиёд шудаанд…

Ё чаро табиат рӯз то рӯз ҳомии худро аз даст медиҳад? Дарахтон бесадо меафтанд. Ҷангалҳо ҳар сол махсусан дар ҷануби...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад