МУВАФФАҚИЯТГулҷамол Зоидова: фаъол будан дар шакабаҳои иҷтимоӣ блогерӣ нест

Гулҷамол Зоидова: фаъол будан дар шакабаҳои иҷтимоӣ блогерӣ нест

-

Гулҷамол Зоидова (Гулҷамол Илҳомӣ), қонуннавозию дуторнавозӣ ва сарояндагӣ мекунад.

Оҳанги суруди “Катюша”,  “Баҳор нашидаси” – и оҳангсози Узбекистон, Оҳанги “Наво ва базм” – и Амирбек Мӯсоевро низ бо асбоби қонун навохта сабт кардааст. Оҳангнамоҳои онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби бинанбагон пазироӣ шудаанд.

Ӯ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст.

Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷандро аз рӯи ихтисоси қонуннавоз хамт кардааст.

Ӯ дуторнавозӣ мекард, орзуи бобояш ин буд, ки Гулҷамол қонуннавоз бошад. Ин ҷавондухтар хоҳиши бобояшро ҷомаи амал пӯшонд ва навохтани ин асбоби мусиқиро аз худ кард.

Бо услуби Дамирбек сурудхонӣ низ мекунад. “Аксарият аз ман мепурсанд, ки чаро ба Дамирбек мухлисӣ мекунед. Ӯ бародари шумо буд ё таборӣ доред?

Ман ҳеҷ гуна қаробати хешӣ надорам. Аз даврони мактабхонӣ мухлиси ин нафар будам. Дар ин сароянда ман равияи хешро дида метавонам.”,-таъкид мекунад Гулҷамол.

Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол аст. Ба қавли Гулҷамол, аксарият чунин хулоса мекунанд, ки вай фаъолияти блогерӣ дорад ва ин як манбаи даромадаш маҳсуб мешавад.  

“Ман блогер нестам. Ҳамчун навозанда аз ин тариқ ҳунари худро пешниҳод мекунам. Мехоҳам маро ҳамчун навозанда шиносанд. Ин фаъолияти блогерӣ нест. Ман даромаде аз ин кор намегирам. Танҳо саҳифаҳои иҷтимоиро барои маъруфият касб кардан истифода мебарам.”, мегӯяд Гулҷамол. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад