ҲАЁТИ СОЛИМАгар муҳоҷир аз ҷониби полис боздошт шуд, чӣ кор...

Агар муҳоҷир аз ҷониби полис боздошт шуд, чӣ кор бояд кунад?

-

Амалиёти пулиси Русия алайҳи муҳоҷирону донишҷӯён дар як моҳи охир боиси тарсу изтироби ҷавонон гардидааст.

Бинобар ин, донистани ҳақуқ ҳуқуқ, муносибат бо корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бояд донист.

Агар дар Русия қарор дорӣ, уҳдадор ҳастӣ, ки қоидаҳои вуруд, будубош, истиқомати доимӣ ва меҳнатиро дар ин кишвар риоя намоӣ. Дар ин баробар, бояд аз ҳуқуқҳои хеш низ бояд ҳимоят намоӣ.

Дар хотир дор, ки бояд ҳамеша ҳуҷҷатҳои зерин ҳамроҳат бошад:

-Шиносномаи хориҷӣ;

-корти муҳоҷиратӣ (миграционная карта);

-Санади ҷойи истиқомат; 

-патент;

-суғуртаи тиббӣ;

-агар донишҷӯ ҳастӣ- билети донишҷӯӣ.

Нусхаи электронии ин ҳуҷҷатҳоро низ дар почтаи электронӣ ва телефони хеш ҳифз намо!

Кӣ ҳуқуқи тафтиши санади туро дорад?

Танҳо кормандони пулис ҳақ дорад ҳуҷҷатҳои шуморо тафтиш кунанд.

Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо бояд қоидаҳои зерин аз ҷониби пулис риоя гардад:
— Корманди пулис ҳангоми муроҷит ба шумо бояд вазифа, рутба, насаб ва шаҳоданомаи худро пешниҳод кунад;

— Пулис бояд сабаб ва мақсади тафтиши ҳуҷҷатҳои шуморо баён намояд;
— Корманди пулис бояд нишони сарисинагӣ, ки дорои силсиларақам аст, дошта бошад;

Агар корманди пулис аз муаррифии худ саркашӣ кунад, рақами нишони сарисинагии ӯро навис ё дар хотир гир.

Дар рафти тафтиш пулис ҳуқуқ надорад ҳуҷҷатҳои шуморо ба гарав гирад — яъне бо ваъдаи пас аз пардохти ҷарима ба шумо баргардонидани ҳуҷҷатҳо.

Намояндагони дружинаҳои ихтиёрӣ ё муҳофизоне, ки либосашон ба либоси пулис шабоҳат доранд, ҳуқуқ надоранд ҳуҷҷатҳои шуморо тафтиш кунанд.

Дар ҳолати санҷиш пулис ҳуқуқ надорад нисбат ба шумо аз қувваи ҷисмонӣ истифода кунад – ба мисли сарро дар замин ё дастонро дар пушт тоб додан.

Чаро пулис ҳуҷҷатҳҳои шуморо тафтиш мекунад?

Пулис мавҷудият ва аслӣ будани ҳуҷҷатҳои шуморо тафтиш мекунад, ки оё будубош, истиқомат ва фаъолияти шумо дар дохили кишвар қонунӣ аст ё не.

Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо шумо чӣ ҳуқуқ доред?

Шумо метавонед аз пулис дархост кунед то худро муаррифӣ намояд. Шаҳодатномаи худро ба шумо нишон диҳад. Вале аз даст расондан ба шаҳодатнома пулис худдорӣ кунед ва дар дасти полис ҳақ доред онро бодиққат ва пурра хонед ва ё маълумотро нависед.

Ҳамчунин ҳуқуқ доред сабаб ва мақсади тафтиши ҳуҷҷатҳои худро пурсед. Агар шумо нахоҳед, ки пулис ҳуҷҷатҳои шуморо гирад, ӯро огоҳ намуда ҳуҷҷатҳоро дар дасти худ ба ӯ нишон диҳед.

Агар шуморо дастгир карда, ба шуъба бурданд дар ин ҳолат чӣ кор карда метавонед?

Пас аз дастгир шудан шумо ҳуқуқ доред суҳбати телефони дошта бошед. Ин метавонад бо адвакат, дӯстон ё хешу таборатон бошад то аз ҳолати худ онҳоро огаҳ созед.

Тавсия дода мешавад, ки ҳамеша бо худ рақами телефони адвокат, ҳомиёни ҳуқуқ, хешовандон ва дӯстонатонро дошта бошед то дар ҳолати боздошт занг занед ва аз худ дарак диҳед.

Шумо ҳамчун боздоштшуда дар лазҳаи дастгир шудан ҳуқуқи дархости тарҷумон ва ҳимоятгар доред.

Ҳама гуна ҳабс бояд дар протоколи махсус ба расмият дароварда шавад ва нусхаи он ба дастгиршуда дода шавад.

Шуморо то баровардани қарори суд зиёда аз 48 соат дар ҳабс нигоҳ доштан мумкин нест.

Агар корманди пулис дархости тафтиши ҳуҷҷатҳои шуморо намояд, монеъа эҷод накунед ва аз фирор худдорӣ кунед. Кушиш кунед муносибати шумо бо пулис сабабгори баҳс ва истифодаи қувва нагардад.
Агар аз тарафи корманди пулис ҳуқуқҳои шумо поймол гардад шумо бояд чӣ кор кунед.

Агар дархости шуморо барои гирифтани тарҷумон, ҳимоятгар ё занги телефонӣ рад кунанд шумо ҳақ доред хомӯш бимонед ва аз сухан гуфтан худдорӣ кунед.

Аз имзо мондан дар ҳар гуна ҳуҷҷате, ки ба шумо пешниҳод мекунанд худдорӣ кунед. Агар шуморо барои ин кор маҷбур кунанд, дар ҳама ҳуҷҷатҳо ба забони модарии худ нависед: “Ман розӣ нестам, чизе намефаҳмам” ва имзо гузоред.

Умедворем, маълумоти лозимаро барои худ гирифтед. Ба қоидаҳои будубош, қонунҳо ва фарҳангу маданияти ҳар кишваре, ки қарор доред, арҷ гузоред. ҷавонон гардидааст.

Бинобар ин, донистани ҳақуқ ҳуқуқ, муносибат бо корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бояд донист.

Агар дар Русия қарор дорӣ, уҳдадор ҳастӣ, ки қоидаҳои вуруд, будубош, истиқомати доимӣ ва меҳнатиро дар ин кишвар риоя намоӣ.

Ҳуҷҷатҳои лозимаро бо худ дошта бошӣ.

Дар хотир дор, ки бояд ҳамеша ҳуҷҷатҳои зерин ҳамроҳат бошад:

-Шиносномаи хориҷӣ

-корти муҳоҷиратӣ (мигратсионий карта)

-Санади ҷойи истиқомат  

-патент,

суғуртаи тиббӣ

агар донишҷӯ ҳастӣ- билети донишҷӯӣ

Нусхаи электронии ин ҳуҷҷатҳоро низ дар почтаи электронӣ ва телефони хеш ҳифз кун!

Кӣ ҳуқуқи тафтиш санади туро дорад?

Танҳо кормандони пулис ҳақ дорад ҳуҷҷатҳои шуморо тафтиш кунанд

 Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо бояд қоидаҳои зерин аз ҷониби пулис риоя гардад:
— Корманди пулис ҳангоми муроҷит ба шумо бояд вазифа, рутба, насаб ва шаҳоданомаи худро пешниҳод кунад.

— Пулис бояд сабаб ва мақсади тафтиши ҳуҷҷатҳои шуморо баён намояд.
— Корманди пулис бояд нишони сарисинагӣ, ки дорои силсиларақам аст, дошта бошад.

Агар корманди пулис аз муаррифии худ саркашӣ кунад, рақами нишони сарисинагии ӯро навис ё дар хотир гир.

Дар рафти тафтиш пулис ҳуқуқ надорад ҳуҷҷатҳои шуморо ба гарав гирад — яъне бо ваъдаи пас аз пардохти ҷарима ба шумо баргардонидани ҳуҷҷатҳо.

Намояндагони дружинаҳои ихтиёрӣ ё муҳофизоне, ки либосашон ба либоси пулис шабоҳат доранд, ҳуқуқ надоранд ҳуҷҷатҳои шуморо тафтиш кунанд.

Дар ҳолати санҷиш пулис ҳуқуқ надорад нисбат ба шумо аз қувваи ҷисмонӣ истифода кунад – ба мисли сарро дар замин ё дастонро дар пушт тоб додан.

Чаро пулис ҳуҷҷатҳҳои шуморо тафтиш мекунад?

Пулис мавҷудият ва аслӣ будани ҳуҷҷатҳои шуморо тафтиш мекунад, ки оё будубош, истиқомат ва фаъолияти шумо дар дохили кишвар қонунӣ аст ё не.

Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо шумо чӣ ҳуқуқ доред?

Шумо метавонед аз пулис дархост кунед то худро муаррифӣ намояд. Шаҳодатномаи худро ба шумо нишон диҳад. Вале аз даст расондан ба шаҳодатнома пулис худдорӣ кунед ва дар дасти полис ҳақ доред онро бодиққат ва пурра хонед ва ё маълумотро нависед.

Ҳамчунин ҳуқуқ доред сабаб ва мақсади тафтиши ҳуҷҷатҳои худро пурсед. Агар шумо нахоҳед, ки пулис ҳуҷҷатҳои шуморо гирад, ӯро огоҳ намуда ҳуҷҷатҳоро дар дасти худ ба ӯ нишон диҳед.

Агар шуморо дастгир карда, ба шуъба бурданд дар ин ҳолат чӣ кор карда метавонед?

Пас аз дастгир шудан шумо ҳуқуқ доред суҳбати телефони дошта бошед. Ин метавонад бо адвакат, дӯстон ё хешу таборатон бошад то аз ҳолати худ онҳоро огаҳ созед.

Тавсия дода мешавад, ки ҳамеша бо худ рақами телефони адвокат, ҳомиёни ҳуқуқ, хешовандон ва дӯстонатонро дошта бошед то дар ҳолати боздошт занг занед ва аз худ дарак диҳед.

Шумо ҳамчун боздоштшуда дар лазҳаи дастгир шудан ҳуқуқи дархости тарҷумон ва ҳимоятгар доред.

Ҳама гуна ҳабс бояд дар протоколи махсус ба расмият дароварда шавад ва нусхаи он ба дастгиршуда дода шавад.

Шуморо то баровардани қарори суд зиёда аз 48 соат дар ҳабс нигоҳ доштан мумкин нест.

Агар корманди пулис дархости тафтиши ҳуҷҷатҳои шуморо намояд, монеъа эҷод накунед ва аз фирор худдорӣ кунед. Кушиш кунед муносибати шумо бо пулис сабабгори баҳс ва истифодаи қувва нагардад.
Агар аз тарафи корманди пулис ҳуқуқҳои шумо поймол гардад шумо бояд чӣ кор кунед.

Агар дархости шуморо барои гирифтани тарҷумон, ҳимоятгар ё занги телефонӣ рад кунанд шумо ҳақ доред хомӯш бимонед ва аз сухан гуфтан худдорӣ кунед.

Аз имзо мондан дар ҳар гуна ҳуҷҷате, ки ба шумо пешниҳод мекунанд худдорӣ кунед. Агар шуморо барои ин кор маҷбур кунанд, дар ҳама ҳуҷҷатҳо ба забони модарии худ нависед: “Ман розӣ нестам, чизе намефаҳмам” ва имзо гузоред.

Умедворем, маълумоти лозимаро барои худ гирифтед. Ба қоидаҳои будубош, қонунҳо ва фарҳангу маданияти кишваре, ки қарор доред, арҷ гузоред.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Аз паси чархи кулолӣ ба сӯи орзу. Қиссаи ҷавони мубталои синдроми Даун

Муҳсинҷон Исматбоеви 29-сола гирифтори синдроми Даун аст. Ӯ 2 сол боз дар ҳавлии кулолгарии Қалъаи Хуҷанд ҳунари кулолгарӣ меомӯзад....

Форуми «3ZERO Data Fest». Лоиҳаҳои ҷавонон муаррифӣ шуданд

  Наврасону ҷавонон бо мураббиёни соҳибтаҷриба дар як Hackathon, ки рӯзҳои биступанҷум- бисту шашуми соли равон баргузор шуд, идеяҳои худро...

Аз умед то хатар

Се муҳоҷир, се орзу ва як схемае, ки ҷавононро дар роҳи Аврупо ба дом меандозад. Як посӣ шаб буд....

190 миллион доллар барои Тоҷикистон: ду лоиҳаи нави иқлимӣ тасдиқ шуд

Аз 29 июн то 2 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз (Green...
spot_imgspot_img

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати Apple ҳушдор дод

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати амрикоии Apple ҳушдор дод. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки ширкат бояд шароити...

Tesla: Сабаби садамаи марговар автопилот набуд, балки ронанда буд

Ширкати Tesla иддао дорад, ки ронанда, на низоми автопилот, дар садамаи марговаре, ки бо иштироки мошини барқии Model 3...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад