ЛАЙФХАКИГаппартоӣ ва дастрасонӣ низ ҳарассмент аст

Гаппартоӣ ва дастрасонӣ низ ҳарассмент аст

-

Ҳаррасмент-таҳқир, дашном, масхара, табъиз, таҳдиди расонидани зарари ҷисмонӣ, тела додан, даст расондан, таҷовузи ҷинсӣ ё дигар шаклҳои ҳамлаи ҷинсиву ҷисмонист.
Худи ин истилоҳ на танҳо озори ҷинсӣ, балки навъҳои гуногуни фишори равониро низ дар назар дорад.Ҳарассмент — як навъи зуроварӣ буда, бо мақсади хаставу ғамгин кардан ва азоб додани нафаре истифода мешавад.
Аксарият маҳфуми “Ҳарассмент”-ро дар робита бо ситораҳои филм ё мусиқӣ шунидаанд. Ҳунарпешаҳои маъруф хабар медоданд, ки дар наврасӣ ё ҷавонӣ онҳо аз ҷониби коргардонҳо мавриди ҳарассмент қарор гирифта, ба хотири вогузор кардани ин ё он нақш онҳоро ба робитаи маҳрамона маҷбур мекарданд. Мутассифона, аксар вақт ҳолати ҳарассмент собит шуд.

Пас аз ҷанҷоли марбут ба продюсер Ҳарви Вайнштейн даҳҳо ҷинояти дигар низ ошкор шуд. Коргардони даниягӣ Ларс фон Триерро ба таъқиби овозхон Бёрк муттаҳам карданд. Барандаи ҷоизаи Оскар Бен Аффлек рафтори ношоистаро ба хотир овард. Оливер Стоун, Ба Бенни Ҳилл ва Алфред Хичкок низ занон нафрат карданд Ҳатто Роман Поланский дар ин достони ифлос иштирок айбдор мешуд. Ситораи филм Стивен Сигалро якбора се духтар ба озори ҷинсӣ муттаҳам карданд.

Дар бораи мавриди ҳарассмент қарор гирифтан аз ҷониби продюсери Miramax Ҳарви Вайнштейн аз октябри соли 2017 то 2019 беш аз 80 зан хабар доданд. Машҳуртарини онҳо — Анҷелина Ҷолӣ, Асия Аргенто, Гвинет Пэлтроу.

Гвинет Пэлтроу, Ҳарви Вайнштейн, Камерон Диас. Муаллифи акс: Alex Berliner

Боздошти як ҷавонеро, ёд доред, ки дар шаҳри Душанбе ҳангоми идораи воситаи нақлиёт аз тирезаи мошини худ дасташро бароварда, бадани ҷавондухтареро ламс карда, боз бо суханони қабеҳ шаъну шарафи ин духтарро паст зад.
Ин ҷавондухтар тариқи Фейсбук дар бораи ҳолати рӯхдода фавран хабар дода хостори андешидани чораи қонунӣ гардид. Баъди як соати ҳодиса гумонбар дастгир шуд. Суд нисбат ба ин нафар барои майдаавбошӣ 5 шабонарӯз ҷазои маъмурӣ таъин кард.
Ин муносибати ҷавонро истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарассмент унвон карданд.

Акс аз сомонаи dushanbepolice.tj

Ҳуқуқшинос Ранжет Ятимов мегӯяд, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «ҳарассмент» пешбинӣ нашудааст ва кирдорҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайроникунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Моддаи 460. Майдаавбошӣ) банду баст мешаванд.

«Агар ин ҳолатҳо рӯй диҳанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба шахси содиркардаи ин кирдор моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайроникунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ мекунанд ва ҳамчун ҷазо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ таъин мешавад. 

Дар сурати рӯх додани ҳарассмент, аз ин машваратҳо истифода кунед:

— Агар нисбат ба шумо Ҳарассмент сурат бигирад, ҳолатро сабт кунед.
— Ба шахсони наздик ва боэътимоди худ дар бораи ҳолати худ хабар диҳед. Онҳо метавонанд ба шумо кумаки рӯҳӣ намуда, ба шумо дар бартараф кардани ин ҳолат кумак расонанд.
— Агар шумо ба ҳаррасменти ҷинсӣ дучор шудаед, аз дархости кумак наҳаросед.
— Аз ҳуқуқҳои хеш истифода ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсе, ки ба амният ва шаъну шарафи шумо хатар эҷод мекунад, ба мақомот муроҷиат намоед!

Акси асосӣ аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҷоми ҷаҳонии футбол–2026

Ҷоми ҷаҳонии футбол–2026 ҳамчун бузургтарин бозӣ дар таърих ин навъи варзиш хоҳад буд. Барои аввал дар як вақт се...

Исроил дар «Евровидение» мемонад, вале Нидерландия, Испания, Ирландия ва Словения ширкат даст кашиданд

Исроил иҷозаи иштирок дар "Евровидение-2026"-ро ба даст овард. Дар посух Нидерландия, Испания, Ирландия ва Словения эълон карданд, ки ба...

YouTube Recap: дар бораи тамошои ҳама видеоҳо омор пешниҳод мекунад

YouTube ҳисоботи нави солонаи YouTube Recap 2025-ро муаррифӣ кард. Ин аввалин натиҷагирии инфиродии видеоҳост, ки ҳар корбар дар давоми...

Ду созмони бонуфӯзи рӯзноманигорӣ алайҳи мақомоти исроилӣ шикоят бурдааст

2 декабр Иттифоқи миллии журналистон ва Федератсияи байналмилалии журналистон (SNJ/IFJ) ба Прокуратураи миллии мубориза бо терроризм дар Париж  барои...
spot_imgspot_img

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст». 4 нафар соҳиби шоҳҷоиза

Имрӯз, 4 декабри 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи...

Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар Порис

“Баракат Исфара”, “Водии меваҳо” ва “Алӣ Априкот”- се корхонаи коркарди хушкмева аз Исфара, ки бозигари калидии бозори хушкмева дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад