Соли 2019 ташкилоти “Гурдофарид” дар ҳамкорӣ бо чор созмони ҷамъиятӣ аз Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Фаронса лоиҳаи “Саводи расонаӣ барои ҷавонони Осиёи Марказӣ”-ро шурӯъ карданд, ки дар раванди он пойгоҳи маърифатии онлайнии QLEVER www.qlever.asia бо бозиҳои таълимию фароғатӣ бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо фаъол гардид.
Моҳи октябри соли 2022 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Гурдофарид” лоиҳаи “Сафирони иродаи неки QLEVER барои Тоҷикистони осишта” – ро роҳандозӣ кард. Дар доираи лоиҳа, ки барои мубориза бар зидди ифротгароии хушунатомез, дасткории иттилоот, барангехтани кинаву бадбинӣ ва забони адоват дар миёни ҷавонон пешгирӣ мекунад. Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ташкилоти ERIM дар Фаронса амалӣ гардид. Лоиҳа бо дастгирии Сафораи Амрико дар Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор амалӣ карда шуд.
“Имрӯз ҷавонон, мутаассифона, ба таҳсил ва омӯзиши анъанавӣ кам майл доранд. Аз ин рӯ, саводи расонаиро бо усулҳои анъанавӣ ба онҳо омӯзондан на он қадар самарабахш аст. Ба ин хотир, тасмим гирифтем, ки ба таври интерактивӣ саводи расонаиро омӯзонем. Сараввал, худамон саводи расонӣ омӯхтем, то ҷое дар ин соҳа мутахассис шудем. Ҳоло дар пойгоҳи маърифатии онлайнии QLEVER 23 бозии таълимӣ мавҷуд аст, ки мавзӯҳои гуногуни саводи расонаиро фаро мегирад. Масалан, бозиҳои “Шаҳри ҳақиқат”, “Stop Harasment”, “Mail Master”, “Кори ман”, “Fake Busters” ва “My business” аз ҷумлаи бозиҳои сертаваҷҷӯҳ аст. Бозиҳо бо 5 забони миллии Осиёи Марказӣ дасраст аст. Ҳамаи бозиҳо аз ташхиси равоншиносӣ ва ҳуқуқӣ гузашта, ба меъёрҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ ҷавобгӯ ҳастанд.”, — шарҳ дод Раҳбар Маҷидова.
Имрӯз пойгоҳи маърифатии онлайнии QLEVER дар Тоҷикистон 22 ҳазор корбари фаъол дорад. Аз ин ҳисоб, қариб 3 ҳазор духтарони тоҷикистонӣ донишу таҷрибаашонро дар бозиҳои таълимӣ санҷидаанд. Дар минтақаи Осиёи Миёна пойгоҳ то 150 ҳазор корбар дорад. Ҳар истифодабаранда имкон дорад, ки бозиҳоро сатҳ ба сатҳ гузашта, аз рӯйи холҳои бадастоварда аз мағозаи онлайнии QLEVER, ки дар ин пойгоҳ аст, туҳфаҳоро интихоб кунад. То имрӯз аз Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор корбар соҳиби туҳфа шуданд. Туҳфаи асосӣ, ки компютер аст то ҳол соиҳибашро пайдо накардааст.
“Моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони фаъоли Осиёи Миёна доир гардид. Дар он намояндагони вазорату ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири Амрико ҷаноби Мануэл Микаллер, меҳмонон аз кишварҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистону Туркманистон иштирок карданд. Дари зимни Форум барои сулҳу амнияти минтақа ва рушди муштарак аз номи ҷавонони Осиёи Миёна мактуб дар хусуси барои рушду нумӯи сулҳ ва ҷавонони минтақа чӣ чораҳо бояд андешид, таҳия карданд. Мактуб ба номи Пешвои миллат, сарвари давлати мо ирсол шуд. Интизорӣ меравад, ки он дар якеаз ҷаласаҳои Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷониби роҳбари давлати мо ва ҳамтоёнашон баррасӣ хоҳад шуд”, — илова кард сарвари Ташкилоти “Гурдофарид”.
Дар доираи лоиҳаи “Сафирони иродаи неки QLEVER барои Тоҷикистони осишта” бо ҳамроҳии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон озмуни беҳтарин навори иҷтимоӣ доир карданд. Блогнависони ҷавон барои ин озмун кӯшиш карданд, то муҳтавое офаранд, ки дар мундариҷааш маҳфумҳои терроризм, экстремизм ва зӯроварию забони адоват корбаст нашавад, вале дар навбати худ ин зуҳуротро маҳкум кунад. Наворҳои Мутриба Камилова, Мирҳамдам Эргашов, Маҳноза Тӯхтаева ғолиби озмун дониста шуда онҳо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.
Ташкилоти ҷамъиятии “Гурдофарид” барои дастгирии занони деҳот низ лоиҳаҳои зиёдеро амалӣ кардааст. Масалан, бо маблағгузории Сафорати Амрико ва СММ лоиҳаи “Маркази дастгирии занони деҳот” – ро рӯйи даст гирифт.
“Дар доираи лоиҳаи “Маркази дастгирии занони деҳот” якҷоя бо бахши шуғли аҳолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба занон курсҳои пӯхту паз, дӯзандагӣ, кафшергарӣ, кандакорӣ, барқчӣ омӯзиши компютерӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ таъсис додем. Дар он 675 бону иштирок карда, соҳиби сертификат шуданд. Беш аз 180 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Шумораи зиёди онҳо бо асбоб ва техникаи корӣ таъмин шуда, дар хонаашон кори худро пеш мебаранд.”, — иттилоъ дод Раҳбар Маҷидова.
Ташкилоти ҷамъиятии “Гурдофарид” забонҳои русию англисиро ба ҷавонон ройгон меомӯзонад. Ҳамзамон, лоиҳаҳо, ки барои қишрҳои гуногуни ҷомеа муфид аст, дар саросари кишвар роҳандозӣ менамояд.
Ҳоло Раҳбар Маҷидова, сарварии Ташкилоти “Гурдофарид”-ро ба дӯш дорад. Вай соли 2013 инҷониб дар “Гурдофарид” ба ҳайси мурраббӣ ва муаллими забони англисӣ ба фаъолият пардохт. Ташкилот соли 2008 таъсис ёфта буд. Дар аввал, ташкилот Шабакаи занони пешвои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ном дошт. Соли 2019 Ташкилоти “Гурдофарид” ҳамчун созмони ҷумҳуриявӣ сабти ном шуд, зеро, маҳдудаи барномарезии лоиаҳаҳояшро фаррохтар кард.
Файзуллохон Обидов