БИЗНЕС-КЛУБҶалби занон дар хидмати давлатӣ дар кадом сатҳ аст?

Ҷалби занон дар хидмати давлатӣ дар кадом сатҳ аст?

-

Дар Тоҷикистон ҳудуди 68 дарсади кормандони соҳаи тандурустӣ, 73 %-и кормандони соҳаи маориф, 27 %-и кормандони илм ва зиёда аз 23 %-и онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.

Дар самти хидмати давлатӣ чанд фисад бонувони кишвар ҷалб шудаанд?

Ҷиҳати посух ёфтан ба ин савол аз омори ҷалби занон ба хизмати давлатӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда, ки дар сомонаи расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад, таваҷҷӯҳ кардем. Дар 6 соли охир теъдоди ҳизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби бонувон чӣ қадар зиёд шуданд? Кадом омилҳо боиси афзудани шумораи онҳо дар ин самт мебошад? Кӯшиш мекунем, ки дар ин матлаб ба ин саволҳо посух ҷӯем.

https://infogram.com/user-dashboard-1hd12yxkore8w6k?live

 

Дар соли 2023 сафи мутахассисони соҳаи хизмати давлатӣ ва кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон рӯ ба афзоиш аст. Дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” раванди ҷалби бонувон ба хизмати давлатӣ ва мансабҳои роҳбарикунанда идома дорад. Масалан, дар соли 2020 як нафар зан ба мансаби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду нафар вазир ва ду нафари дигар ба вазифаи раисони ноҳияҳо таъин гардиданд. 

Нахуст қонунҳо, санадҳои хуқуқӣ ва барномаҳои давлатие, ки ҷиҳати боло бурдани мақому манзалаи зан дар ҷомеа ва ҷалби ӯ дар соҳаҳои ҳаётан муҳим бастагӣ дорад, аз назар мегузаронем.

Аҳамият ва таъсири қонун, санад ва барномаи давлатии номбаршуда чӣ гуна буд? Ба ин суол аз ҷадвали зерин, ки аз афзудани сафи занон дар Парлумони кишвар дарак медиҳад, посухи хешро пайдо намоед.

 

Аксарият ба ин назаранд, ки зиёд шудани хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон ба афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ дар байни мардҳо низ вобастагии мустақим дорад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” замина гузошт, ки сиёсати гендерӣ ҷиҳати иштироки занон дар идоракунии давлатӣ  мавриди амал қарор гирад. Имрӯз яке аз муовинони раисони шаҳру ноҳия зан ҳастанд. Тибқи Фармони мазкур дар масъалаи интихоб ва таъйин ба вазифаҳои масъул, тарбияи наслҳои ҷавони роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон, махсусан, дар маҳалҳо зери назорати доимӣ қарор медиҳад.

Акси асосӣ аз шабакаи интернет

Ӯктам Ризаев

Файзуллохон Обидов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад